Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юсуф Раҳмон оташ задани мошини додситони Восеъро "қасдгирӣ" номид


Додситонии кулли Тоҷикистон оташ задани мошини додситони ноҳияи Восеъро "амали қасдгирӣ" номид ва гуфт, ки тафтиши қазия идома дорад.

Шаби 12 ба 13-уми феврал мошини хидматии Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода, додситони Восеъ дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини Кӯлоб оташ гирифт. Мақомот қаблан гуфтанд, ки як сокини 50-солаи Кӯлобро бо гумони оташ задани мошини ӯ боздошт намудаанд.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 17-уми феврал зимни нишасти хабарӣ аз фарди боздоштшуда ном набурд, аммо гуфт, ки ӯ собиқ нотариуси ноҳияи Восеъ будааст.

"Мо гурӯҳи тафтишотӣ аз Прокуратураи генералӣ ба шаҳри Кӯлоб фиристодем ва дар як рӯз муайян карда шуд, ки ҷинояткор ин собиқ нотариуси ноҳияи Восеъ аст, ки дар асоси пешниҳоди прокурори ноҳияи Восеъ аз вазифа сабукдуш карда шуда буд. Ӯ бо мақсади қасос гирифтан аз прокурор, автомошинаи ӯро оташ задааст. Дастгир шуд ва ҳоло тафтишот идома дорад"-афзуд, ӯ.

Додситони кул шарҳ надод, ки чаро нотариуси Восеъ бо пешниҳоди додситон аз кор сабукдуш шудааст.

Дар пай оташ задани мошини прокурори Восеъ, мақомоти маҳаллӣ низ гуфта буданд, ки зоҳиран мошин қасдан оташ зада шудааст.

Он замон ду манбаъ дар додситонӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сокини 50-солаи Кӯлоб бо гумони "қасдан оташ задани амволи давлатӣ" боздошт шудааст.

Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, боздоштшуда сабаби оташ задани мошини додситонро "хусумати шахсӣ" номидааст.

Назари марди боздоштшуда ё наздикони ӯ маълум нест.

Ҷумъаназар Сайдаҳмадзода аз соли 2020 додситони ноҳияи Восеъ аст. Ӯ дар маҳалли Шамсиддини Шоҳини шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG