Дар Тоҷикистон дар соли гузашта сокинон бештар аз 80 дарсади андозро онлайнӣ супурдаанд.
Масъулони Кумитаи андоз мегӯянд, дар гузашта сокинон андози худро бештар бо пули нақд месупурданд. Бо пули нақд супурдани андозро коршиносон олуда ба фасод медонистанд.
50 дарсади пули буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби андозест, ки сокинон месупоранд.
Нусратулло Давлатзода раиси кумитаи андози Тоҷикистон рузи 16-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, "дар соли 2022 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷаи давлат 15 миллиарду 387 миллион сомонӣ ворид шуд. Аз ин 12,5 млрд сомонӣ ё 81 дарсади он ғайринақдӣ пардохт шудааст."
Ӯ гуфт, роҳҳои онлайнӣ супурдани андоз содаву осон шудааст ва дигар шарт нест, ки сокинон барои супурдани андоз соатҳо мунтазир бимонанд.
Бархе аз тоҷирон шикоят доштанд, ки чунин шароит барояшон фароҳам нашудааст ва маҷбуранд, андозро нақд супоранд.
Масъулини Кумитаи андоз дар гузашта гуфта буданд, ки барои амалӣ кардани ин тасмим, аз таҷрибаҳои кишварҳои Русияву Белорус ва Гурҷистону Қазоқистон истифода мекунанд. Раиси кумитаи андоз гуфт, соли гузашта 156 андозсупорандаро барои истифода накардан аз роҳи ғайринақдии андозсупорӣ ба маблағи бештар аз 1 миллион сомонӣ ҷарима кардаанд.
Дар гузашта низ масъулони Бонки миллӣ ҳам ба зарурати аз байн бурдани бозори нақдӣ дар кишвар таъкид карда буданд. Таҳлилгарон бовар доранд, ки чунин иқдом мизони "иқтисоди пасипардаӣ"-ро поин бурда, имкони гурез аз пардохти андозро коҳиш медиҳад.
Бархе огоҳон мегӯянд, эҳтимоли ба як сарбории иловагӣ табдил ёфтани ин раванд барои соҳибкорон вуҷуд дорад.
Худи андозсупорандагон мегӯянд, таҷҳизоти қабули пулҳои ғайринақдӣ гарон аст ва тоҷирон муваззаф нестанд, ки худашон ин низомро роҳандозӣ кунанд.
Масъулини кумитаи андоз гуфтанд, барои аз байн бурдани ин мушкил "кумита рӯзҳои наздик мошинаҳо, дастгоҳҳои назорати хазинавӣ бо таъмини POS-терминалҳоро ворид карданист."
Маълум нест, чаро то ҳоло ин кор анҷом дода нашудааст.