Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъҳо: додситони ВМКБ аз вазифа барканор шудааст


Парвиз Орифзода, додситони ВМКБ дар "ТВ Бадахшон" ҳодисаи моҳи майи соли гузашта дар Хоруғро шарҳ дода буд.
Парвиз Орифзода, додситони ВМКБ дар "ТВ Бадахшон" ҳодисаи моҳи майи соли гузашта дар Хоруғро шарҳ дода буд.

Бино бар хабари ду манбаъи новобаста бо ҳам, додситон ё прокурори Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Парвиз Орифзода аз мақомаш барканор шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ва Додситонии кулли кишвар дар ин бора хабар надодаанд.

Як манбаъи Радиои Озодӣ дар ҳукумати ВМКБ рӯзи 12-уми феврал ин хабарро тасдиқ кард. Манбаъи дигар аз кормандони собиқи интизомӣ дар Душанбе ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, зидди Орифзода таҳқиқи ҷиноӣ роҳандозӣ шудааст.

Мақомоти додситонӣ ба пурсишҳои пайдарпайи Радиои Озодӣ дар ин бора посух надоданд.

Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, чанд вақти охир Парвиз Орифзода "зиёд менӯшид" ва дар ҳолати мастӣ кормандони милисаро таҳқир кардааст.

"Таҳқири кормандони милиса сабт шуда, ба дастгоҳи иҷроияи президент фиристода шудааст.",--гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Ин ҳолатро расман на ВКД ва на додситонӣ шарҳ надоданд. Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ Парвиз Орифзода расман рӯзи 9-уми феврал барканор шудааст.

Парвиз Орифзода панҷ сол пеш Додситони ВМКБ таъин шуда буд. Номи ӯ бештар ба изҳоротҳои расмиаш дар телевизиони Бадахшон дар робита ба ҳодисаҳои соли гузашта расонаӣ шуда буд.

Ӯ дар чанд изҳороти видеоӣ аз тариқи "ТВ Бадахшон" эътирозгаронро дар шаҳри Хоруғ ва Рушон ба даст доштан дар ҷиноятҳои сангин муттаҳам карда буд.

Моҳи ноябри соли 2021 ҳангоми амалиёти мақомоти интизомӣ Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, ки дар таҳқир кардани як корманди додситонӣ гумонбар мешуд, кушта шуд.

Марги ӯ хашми сокинонро ба бор овард ва охири моҳи ноябр чор рӯз дар Хоруғ эътироз карданд. Моҳи майи соли 2022 сокинон дар Хоруғ ва Рушон бо талаби дубора баррасӣ кардани ин парванда эътироз карданд, вале саркуб шуданд. Даҳҳо нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар боздошт шуданд. Мақомот гуфтанд, "гурӯҳҳои ҷиноиро безарар карданд", вале фаъолони ҷомеа мегӯянд, сокинони одии норозӣ кушта шудаанд.

Парвиз Орифзода ҳамчун додситони ВМКБ дар саргаҳи таҳқиқи ин парвандаҳо қарор дошт.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG