Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ситораҳои Русия бори чордаҳум барандаи "Ҷоми афсонаҳо" гардид


Мусобиқаи 15-уми ҷашнии Ҷоми афсонаҳо-2023”, ки рӯзҳои 11-12-уми феврал дар маҷмааи варзишии «Мегаспорт»-и шаҳри Маскав баргузор шуд, бо пирӯзии мунтахаби ситораҳои футболи Русия ба анҷом расид.

Мунтахаби ситораҳои Русия дар бозии ниҳоӣ дастаи «Афсонаҳои ИДМ» (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил)-ро бо ҳисоби 6:4 мағлуб кард. Дар ҳайати дастаи ғолиб Александр Самадов ва Павел Погребняк дуголӣ, Юрий Жирков и Константин Головской якголӣ заданд.

Дар ҳайати дастаи «Афсонаҳои ИДМ» голҳоро Хуршед Маҳмудов (Тоҷикистон), Сарвар Ҷабборов (Узбекистон) ва Вячеслав Глеб (Беларус) ба самар расониданд. Як голи русиягиҳоро Константин Головской ба дарвозаи дастааш зад.

Ба иттилои сомонаи “Ҷоми афсонаҳо”, ин мусобиқаи анъанавӣ бо иштироки шаш дастае, ки дар ҳайати онҳо футболбозони дар гузашта машҳур аз Русия, ИДМ, Аврупо, Африқо, Амрикои Лотинӣ ва мунтахаби ситораҳо ҳунарнамоӣ карданд, 12-уми феврал бо поён расид.

Ба ҳайати дастаи “Афсонаҳои ИДМ” футболбози маъруфи тоҷик Хуршед Маҳмудов дохил буд. Инчунин ситораи дурахшони футболи тоҷику шӯравӣ Муҳсин Муҳаммадиев, ки феълан ноиби аввали президенти бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе мебошад, вазифаи мураббии дастаи “Афсонаҳои ИДМ”-ро ба зимма дошт.

Ҳайати дастаи Афсонаҳои ИДМ:

Алмат Бекбоев (Қазоқистон)
Эрик Яхимович (Беларус)
Александр Гатскан (Молдова)
Александр Глеб (Беларус)
Вячеслав Глеб (Беларус)
Алберт Саркисян (Арманистон)
Фарҳодбек Ирисметов (Қазоқистон)
Хуршед Маҳмудов (Тоҷикистон)
Сарвар Ҷабборов (Узбекистон)
Вячеслав Личкин (Озарбойҷон)

Мураббӣ: Муҳсин Муҳаммадиев

Зимнан, «Ҷоми афсонаҳо» аз соли 2009 баргузор мешавад. Соли 2010 ба мусобиқа номи шоҳи футболи хурди Русия, шодравон Константин Ерёменко гузошта шуд. Мунтахаби ситораҳои Русия дар «Ҷоми афсонаҳо» 14 бор ғолиб омадааст, соли 2020 мунтахаби Ситораҳо барандаи ин мусобиқа гардидааст.

Бозӣ барои ҷойи 5-ум

«Афсонаҳои кишварҳои лотинӣ» – «Афсонаҳои Африқо» – 11:6 (6:3). Голҳо: Домингес (5), Ҷованни (3), Амарал, Варела, Майкон – Окоча (2), Эбуэ (2), Адебайор, Бока.

Бозӣ барои ҷойи 3-юм

«Афсонаҳои Аврупо» – «Мунтахаби Ситораҳо» – 7:10 (3:8). Голҳо: Фарнеруд (3), Синама-Понгол (2), Мендеш (2) - де ла Ред (4), Абидал, Карагунис (2), Басинас, Малуда (2).

Финал

«Афсонаҳои Русия» – «Афсонаҳои ИДМ» – 6:4 (2:0). Голҳо: Самадов (2), Погребняк (2), Жирков, Головской – Маҳмудов, В. Глеб, Ҷабборов, Личкин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷамъбасти мусобиқот: 1. «Афсонаҳои Русия». 2. «Афсонаҳои ИДМ». 3. «Мунтахаби Ситораҳо». 4. «Афсонаҳои Аврупо». 5. «Афсонаҳои кишварҳои лотинӣ». 6. «Афсонаҳои Африқо».

Нишонзанҳо: 1. Рубен де ла Ред («Мунтахаби Ситораҳо») – 11 гол, 2-3. Йоргос Карагунис («Мунтахаби Ситораҳо»), Алехандро Домингес («Афсонаҳои кишварҳои лотинӣ») – 7-голӣ, 4. Павел Погребняк («Афсонаҳои Русия») – 6 гол, 5. Сарвар Ҷабборов («Афсонаҳои ИДМ») – 5 гол.

Бозигари беҳтарини мусобиқот: Александр Филимонов («Афсонаҳои Русия»)

Беҳтарин дарвозабон: Алмат Бикбоев («Афсонаҳои ИДМ»).

Ҷоизаи вижа «Барои саҳмгузорӣ дар рушди мусобиқот»: Кевин Курани (мураббии «Афсонаҳои Аврупо»), Флоран Синама-Понгол («Афсонаҳои Аврупо»).

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG