Бо амри президенти Тоҷикистон, ки 11-уми феврал дар сомонаи president.tj нашр шудааст, барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2022 ба 35 варзишгар Ҷоизаи президент супурда мешавад.
Маблағи умумии ҷоизаҳо 568 ҳазору 750 сомониро ташкил медиҳад. Ба варзишгарон мувофиқи дастовард ва гурӯҳашон (наврасон, ҷавонон ва бузургсолон) Ҷоизаи президент ба мабалағи аз 6250 то 50 000 сомонӣ супурда мешавад, ки аз ин маблағ бист фоизаш ба мураббиён тақдим мегардад.
Ҷоиза ба варзишгароне супурда мешавад, ки дар соли 2022 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё оид ба бокс, ҷудо, гуштии юнонию румӣ, гуштии озод ва таэквондо WТ соҳиби медал гардидаанд.
Дар байни онҳо варзишгарони маъруф, ба мисли Темур Раҳимов, Шодмон Ризоев, Сомон Маҳмадбеков, Эмомалӣ Нуралӣ (ҷудо), Баҳодур Усмонов, Муҳаммад Аброриддинов (бокс) ва дигарон ҳастанд.
Аммо ба ягон варзишгар аз намудҳои ғайриолимпӣ ҷоизаи президент супурда нахоҳад шуд. Ба гуфтаи масъулини соҳа, сабаби ҷоиза дарёфт накардани намояндагони намудҳои ғайриолимпӣ ин ба талаботи низомномаи Ҷоизаи президент бастагӣ дорад. Яъне дар чемпионати ҷаҳон ва Осиё оид ба намудҳои ғайриолимпӣ теъдоди кишварҳои иштироккунанда, ки муқаррар шудааст, ба эътибор гирифта мешавад.
Зимнан, Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ соли 2015 таъсис ёфтааст.
Дар асоси низомномаи Ҷоизаи президент ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро сазовор мешаванд, мувофиқан 300 000 сомонӣ, 250 000 сомонӣ ва 200 000 сомонӣ супурда мешавад. Вале дар Олимпиадаи охирин ягон варзишгари тоҷик натавонист дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио медал бигирад.
Инчунин варзишгарони тоҷик чандин сол аст, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба намудҳои олимпии варзиш миёни бузургсолон медал нагирифтаанд.
Ба ғайр аз ин, намояндагони Тоҷикистон солҳои охир наметавонанд дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар намудҳои олимпии варзиш миёни бузургсолон медали тилло ба даст биёранд.
Гуфтугӯ