Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудиятҳои сафар ба Тоҷикистонро бардоштанд. Санади COVID талаб намекунанд


Аз ин пас дар фурудгоҳҳо нуқтаҳои тиббӣ бар асоси реҷаи муқараррӣ кор мекунанд.
Аз ин пас дар фурудгоҳҳо нуқтаҳои тиббӣ бар асоси реҷаи муқараррӣ кор мекунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки аз ин баъд дигар дар гузаргоҳҳои марзӣ аз мусофирон санади ташхиси бемории COVID-19 талаб намекунад ва тамоми маҳдудиятҳои сафар ба кишварро бардоштааст.

Хабаргузории давлатии “Ховар” бо такя ба қарори Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 навиштааст: “Аз 8-уми феврал маҳдудиятҳо вобаста ба пешгирӣ аз интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-19 дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бекор карда шуданд.”

Дар хабар, ки рӯзи 11-уми феврал нашр шудааст, омадааст, ки аз он рӯз маҳдудиятҳо ва муқаррароте, ки барои пешгирӣ аз сироятии коронавирус ба роҳ монданд, дар тамоми гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон аз байн бардошта шуд. То он рӯз дар гузаргоҳҳо, аз ҷумла фурудгоҳҳо, аз мусофироне, ки ба Тоҷикистон меомаданд, санади тиббии орӣ будан, аз бемории COVID-19 ва сертификати ваксина талаб мекарданд. Бар асоси ин муқаррарот дар фурудгоҳҳои хориҷӣ аз мусофироне, ки ба Тоҷикистон мерафтанд, ин санадро талаб мекарданд ва агар набуд, мусофирро ба ҳавопаймо роҳ намедоданд.

Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 гуфтааст, қарори бардоштани маҳдудиятҳоро ба сабаби вазъи муътадили эпидемиологӣ дар Тоҷикистон, ваксинзании саросарии аҳолӣ, ба эътидол омадани вазъи беҳдоштӣ дар кишварҳои минтақа қабул кардааст. Сабабҳои дигар ба гуфтаи ситод, аз байн бурдани маҳдудияти сафар ба Тоҷикистон, рушди иқтисод, саноати ҳавопаймоӣ сайёҳӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аст.

Аз ин баъд дигар дар гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон, табибон, ҳарорати бадани мусофиронро намесанҷанд ва аз онҳо санади ташхиси тиббии COVID-19 талаб намекунанд. Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон аз замони оғози пандемияи коронавируси нав бештар аз 17 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд ва 124 нафар фавтидаанд.

Мақомот мегӯянд, ки дар кишвар дигар ин бемории сироятӣ вуҷуд надорад, ҳарчанд шубҳа сари ин гуфта ва омори вазорати тандурустӣ зиёд аст. Ба қавли мутахассисон, теъдоди қурбониёни COVID-19 дар Тоҷикистон назар ба ончӣ ки мақомот мегӯянд, бисёр зиёд аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG