Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри навори Мадина ба раиси кумитаи занон "хуш наомадааст". ВИДЕО


Мадина Сиддиқзода, сокини Исфара
Мадина Сиддиқзода, сокини Исфара

Раҳбари Кумитаи кор бо занон аз пахши навори “истинтоқ”-и келин аз сӯи хушдоман дар Интернет, ки боиси сарусадои зиёд шуд, норозигӣ кард. Ӯ иддао дорад, ки пахши чунин наворҳо роҳи ҳалли масъала нест, вале фаъолони ҷамъиятӣ баръакси инро мегӯянд.  

Се ҳафта пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он Мадина Сиддиқзода, сокини шаҳри Исфара, аз сӯи хушдоманаш мавриди фишор қарор гирифта, аз ҷумла ҳушдор мегирад, ки бе иҷозат нон нахурад.

Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, рӯзи 10-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ҳамкоронаш бо келину хушдоман ҳамсуҳбат шудааст ва ин масъала зери назорати онҳост.

“Агар мақсади мо пешгирӣ кардан бошад, сохторҳои давлатӣ ҳаст. Масъалаи Мадина зери назорат аст, вале мушкилот чӣ аст? Мушкилоти иҷтимоӣ, хонаводагӣ, мушкилоти бетарарафӣ. Ҳамроҳи онҳо суҳбат кардаанд, рости хушдоманаш на ҳамаи ин чизҳое, ки ҳастанд ба гардан мегирад”-афзуд, ӯ.

Ҳилолбӣ Қурбонзода
Ҳилолбӣ Қурбонзода

Норозигии раиси кумитаи кор бо занон аз роҳ ёфтани ин ин навор ба Интернет дар ҳолест, ки баъдӣ пахши он хушунат дар хонаводаи он зан ошкор ва хушдоманаш ҷарима шуд.

Бархе ҳуқуқшиносону фаъолони ҷамъиятӣ бархурди раҳбари Кумитаи кор бо занонро, ки намехоҳад, наворҳое мисли қазияи Мадина ба Интернет роҳ ёбад, нодуруст меҳисобанд.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва фаъоли ҷамъиятӣ, рӯзи 10-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, пинҳон нигоҳ доштан ё худдорӣ аз пахши наворҳое мисли қазияи Мадина ба нафъи кор нест.

“Мақомот аз ҳамон нуқтаи назари давраи Шӯравӣ гап мезанад. Яъне чизе, ки онҳо иҷозат диҳанд ҳамонро бояд чоп кард. Ин як таконе буд, ки мақомотро ҳушдор кард, худи ҳамин кумитаро ҳушдор дод. Бубинед чӣ қадар занҳо худкушӣ мекунанд ё бо кӯдакон худро ба дарё мепартоянд. Чизе ки пушида мешавад, вай ислоҳнашванда мемонад.” гуфт, Ойниҳол Бобоназарова.

Нашри видеои Мадина ба раиси кумита "хуш наомадааст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

Ҳоло Мадина манзили хонаводаи шавҳарро тарк карда, дар хонаи яке аз хешовандон зиндагӣ дорад. Як фаъоли ҷамъиятӣ, ки барои Мадина кӯмак ҷамъ мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Исфара, аз ҷумла, раҳбари бахши занони шаҳр ба Мадина таъкид кардааст, ки бояд ба хонаи шавҳараш баргардад.

Ҳуқуқшинос, Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, касе ҳақ надорад аз роҳи фишор талоши ба ҳам овардани хонаводаро кунад. Талоши баргардонидани зан ба манзиле, ки ӯ он ҷо хушунат медид, ба назари ин ҳуқуқшинос паёмадҳои ногувор хоҳад дошт: “Дар ягон қонунгузорӣ чунин нест ва он зан худаш ихтихоб мекунад, ки биравад ё бимонад. Масалан метавонад шавҳараш омада зорӣ кунад, ки минбаъд алоҳида зиндагӣ мекунему хушунат нисбаташ намешавад. Албатта касе намехоҳад оилаҳо ҷудо шаванд. Насиҳат кунанд, фишор наоранд.”

Дар Кумитаи кор бо занон аз роҳи фишор кор гирифтанро рад карданд ва ҳамзамон таъкид намуданд, ки тасмим доранд, ин хонаводаро ба ҳам оранд.

Нигорахон Ғафурзода, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ба Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳанд, бозгашти Мадина бо хонаи шавҳараш бо хоҳиши худи ӯ сурат гирад.

“Бо ӯ ҳоло равоншиносон кор карда истодаанд. Мо кушиш мекунем, ки агар Мадина хоҳиш дошта бошад албатта ӯро ба оилааш баргардонида, барои солимгардонии фазои оилаи ӯ ва беҳтаргардонии зиндагияш мусоидат намоем”-афзуд, хонум Ғафурзода.

Нашри наворе, ки дар он Мадина барои нонхурӣ аз сӯйи хушдоманаш “бозпурсӣ” ва сарзаниш мешуд, хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро барангехт ва садҳо нафар омодаи кӯмак ба ӯ шуданд. Дар пай нашри ин навор баъзе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз беамалии мақомот интиқод карда, мегуфтанд, Кумитаи кор бо занон куҷост.

Тибқи иттилои расмӣ, танҳо дар соли гузашта бештар аз 4 ҳазор нафар дар робита ба хушунату зӯроварӣ дар оила ба Вазорати умури доилӣ ва Кумитаи кор бо занон муроҷиат кардаанд. Маълум нест, посухи мақомот ба онҳо чӣ гуна будааст, мисли бархӯрди Кумитаи занон ба қазияи Мадина ё чизи дигар.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG