Рӯзҳои 11-12-уми феврал дар маҷмааи варзишии «Мегаспорт»-и шаҳри Маскав мусобиқаи 15-уми ҷашнии “Ҷоми Афсонаҳо” ба номи Константин Ерёменко оид ба футболи хурд баргузор мешавад.
Ба иттилои сомонаи “Ҷоми Афсонаҳо”, дар ин мусобиқаи анъанавӣ шаш даста иштирок мекунад: Афсонаҳои Русия, Афсонаҳои ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил), Афсонаҳои Аврупо, Афсонаҳои Африқо, Афсонаҳои кишварҳои лотинӣ, мунтахаби Ситораҳо.
Ба ҳайати дастаи Афсонаҳои ИДМ, ки аз даҳ бозигар иборат аст, ситораи футболи тоҷик Хуршед Маҳмудов дохил шудааст. Инчунин Муҳсин Муҳаммадиев, ки феълан ноиби президенти бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе мебошад, вазифаи мураббии дастаи Афсонаҳои ИДМ-ро ба зимма дорад.
Ҳайати дастаи Афсонаҳои ИДМ:
Алмат Бекбоев (Қазоқистон)
Эрик Яхимович (Беларус)
Александр Гатскан (Молдова)
Александр Глеб (Беларус)
Вячеслав Глеб (Беларус)
Алберт Саркисян (Арманистон)
Фарҳодбек Ирисметов (Қазоқистон)
Хуршед Маҳмудов (Тоҷикистон)
Сервер Ҷепаров (Узбекистон)
Вячеслав Личкин (Озарбойҷон)
Мураббӣ: Муҳсин Муҳаммадиев
Зимнан, «Ҷоми Афсонаҳо» аз соли 2009 баргузор мешавад. Соли 2010 ба мусобиқа номи шоҳи футболи хурди Русия, шодравон Константин Ерёменко гузошта шуд. Дастаи Афсонаҳои Русия дар «Ҷоми Афсонаҳо» 13 бор ғолиб шудааст, соли 2020 мунтахаби Ситораҳо барандаи ин мусобиқа гардидааст.
Дар ин мусобиқаи анъанавӣ имсол чаҳор дастаи нав ширкат меварзад. Дар ҳайати мунтахаби Ситораҳо қаҳрамонҳои ҷаҳон ва Аврупо ба майдон меоянд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа (11-уми феврал, шанбе) бозиҳои пешакӣ дар гурӯҳҳо баргузор мешаванд. Дар рӯзи дуюми мусобиқа (12-уми феврал, якшанбе) бозиҳо барои ҷойҳои 1-2, 3-4 ва 5-6-ум доир мегарданд.
Гуфтугӯ