Шумораи қурбониёни зилзила дар Туркия ва Сурия аз 8700 нафар гузашт. Амалиёти ҷустуҷӯ барои берун овардани осебдидагон аз зери вайронаҳо идома дорад. Зилзила рӯзи душанбе дар ҷануби Туркия ва шимол-ғарби Сурия рӯй дод.
Бо таваҷҷуҳ ба харобиҳои зиёд, мушкили бартараф кардани вайрониҳо, боронҳои сахту ҳавои сард, интизор меравад, шумораи қурбониён бештар шавад.
Мақомоти Туркия аз ҳузури 60 ҳазор маъмури наҷот дар 10 вилояти зилзилазадаи ин кишвар хабар доданд. Зиёда аз 3 ҳазори онҳо хориҷӣ ҳастанд.
Фуод Октой, муовини раиси ҷумҳури Туркия, мегӯяд, то кунун ҳазорҳо нафарро аз зери вайронаҳо берун оварданд ва ҳудуди 380 ҳазор кас дар паноҳгоҳҳо ё меҳмонхонаҳо ҷой дода шуданд. Шумори захмиҳо дар Туркия наздик ба 27 ҳазор нафар гузориш шудааст.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, рӯзи сешанбе эълон кард, ин зилзила зиндагии 23 миллион нафар аз аҳолии 85-миллионии ин кишварро таҳти таъсир қарор дод. Ӯ барои ҳафт рӯз мотами миллӣ эълон кард ва барои танзиму идораи пайомадҳои зилзила дар даҳ вилоят ба муддати се моҳ вазъи фавқулода эълон намуд.
Тимҳои наздик ба 30 кишвари ҷаҳон барои кӯмакрасонӣ роҳии Туркия ва Сурия шудаанд.
Тоҷикистон низ эълон кард, ки ба зарардидагони заминҷунбӣ дар Туркия ёрӣ мерасонад. Ба гуфтаи мақомот, 50 маъмури наҷот барои кумак сафарбар мешаванд. Тоҷикистон ҳамчунин ният доштааст, ба осебдидагон либосу хӯрок фиристад.
Дар ҳамин ҳол, Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки дар ҳоли баррасии роҳҳои мумкин барои фиристодани ёриҳои инсондӯстона ба шимол-ғарби Сурия, минтақаи зери назорати мухолифони ҳукумати Башор Асад, аст. Дар ин минтақа миллион нафар дар фақр ба сар мебаранд ва барои зинда мондан ба кумакҳои башарӣ ниёз доранд.
Туркия низ дар минтақаи марзӣ бо Сурия теъдоди зиёди нерӯ дорад ва артишро вазифадор кардааст, ки барои осебдидагон ва бехонумонҳо паноҳгоҳ ва бемористони саҳроӣ бисозад.
Бинобар омор, дар минтақаҳои зери назорати мухолифони Башор Асад шумораи қурбониён бештар аст.
Гуфтугӯ