Нахуствазири собиқи Исроил, ки дар рӯзҳои аввали ҷанги Русия дар Украина барои муддати кутоҳе байни ду кишвар миёнҷигарӣ кард, гуфтааст, ки раиси ҷумҳур Владимир Путин ба ӯ ваъда дод, ки Владимир Зеленский ҳамтои украиниашро намекушад.
Нафталӣ Беннет дар ҳафтаҳои аввали ҷанг дар охири моҳи феврали соли 2022 ғайринтизор ба миёнҷигари байни Русияву Украина табдил шуд. Ӯ баръакси бисёре аз раҳбарони кишварҳои ғарбӣ дар моҳи марти ҳамон сол ба Маскав сафар кард ва бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мулоқот анҷом дод.
Талошҳои миёнҷигарии Нафталӣ Беннет ҳосиле зиёде барои поён додан ба хунрезие, ки то ҳол идома дорад, надод, вале мусоҳибаи ӯ, ки рӯзи 5-уми феврал нашр шуд, баёнгари талошҳои дипломатии бошитоб барои қатъи ҷанг дар ҳамон рӯзҳои аввал аст.
Дар мусоҳибаи панҷсоата, Нафталӣ Беннет дар бораи масоили гуногуне суҳбат мекунад ва аз ҷумла мегӯяд, ки аз Владимир Путин пурсид, ки оё нияти куштани Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украинаро дорад, ё не.
Ӯ мегӯяд: “Ман аз ӯ пурсидам, ин чӣ гап аст. Шумо қасди куштани Зеленскийро доред. Ӯ гуфт: “Ман Зеленскийро намекушам.” Сипас ба ӯ гуфтам, ки ман бояд бифаҳмам, ки ту ба ман қавл медиҳӣ, ки Зеленскийро намекушӣ. Ӯ гуфт: “Ман Зеленскийро куштанӣ нестам.”
Нафталӣ Беннет мегӯяд, ки баъди мулоқот ба Зеленский занг зада, дар бораи ваъдаи Путин иттило додааст. Ӯ мегӯяд: “Гӯш кун, ман аз мулоқот берун омадам, ӯ туро куштанӣ нест.” Вай аз ман пурсид, “ту бовар дорӣ”. Ман гуфтам, сад дар сад, ӯ туро нахоҳад кушт.”
Ба қавли нахуствазири собиқи Исроил, дар ҷараёни миёнҷигарӣ, Путин гуфтааст, ки аз тасмими халъи силоҳи Украина даст мекашад ва Зеленский ваъда додааст, ки Украина ба узвияти НАТО намепайвандад.
Нафталӣ Беннет, раҳбари камтаҷрибаи Исроил, дар замони оғози ҷанги бедалели Русия дар Украина фақат 6 моҳ дар мақоми нахуствазир монд. Ӯ ғайринтизор худро ба майдони дипломатияи байналмилалӣ зад. Исроил дар он замон як мавзеъгирии миёнаеро байни Русия ва Украина интихоб кард, чун аз як тараф ба сабаби таҳдидҳо аз Эрон бо Русия робитаҳои хуб дорад, аз тарафи дигар бо кишварҳои ғарбӣ ҳамраъй аст ва тарафдори кумак ба Украина мебошад.
Нафталӣ Беннет, ки як яҳудии ботақво аст ва дар арсаи байналмилал ҳам шинохта нашуда буд, риояти фаризаҳои Иди Шаббати яҳудиёнро канор гузошт ва барои мулоқот ба Маскав рафт, то роҳҳои хотимаи ҷангро пайдо кунад.
Аммо талошҳои ӯ барои сулҳ натиҷаи зиёде надод ва худаш ҳам дар ҳукумати Исроил зиёд намонд. Ҳукумати Нафталӣ Беннет, ки эътилофи иборат аз ҷиноҳҳои гуногуни сиёсӣ буд, моҳи тобистони соли 2022 ба сабаби даъвову кашмакашҳои дохилӣ пароканда шуд. Нафталӣ Беннет ҳам аз сиёсат худро канор кашид ва ҳоло як шаҳрванди оддӣ аст.
Гуфтугӯ