Як таҳқиқоти журналистии Бахши русии Би-би-сӣ, нашрияи "Медиазона" ва ихтиёриён собит кард, ки дар ҷанги Украина беш аз 13 ҳазор шаҳрванди Русия кушта шудаанд ва 924 нафари онҳо нерӯҳои иловагӣ ба артиш ҳастанд.
Ин маълумот рӯзи 3-юми феврал чоп шуд. Ба навиштаи журналистон, қисми зиёди онҳое, ки дар се моҳи охир ҷон доданд, даъватшудаҳо, ихтиёриҳо ва ҳам зиндониҳо мебошанд. Танҳо дар як ҳафтаи гузашта хабари марги 500 шаҳрванди Русия, ки дар Украина меҷангиданд, дастрас шуд.
Як хулосаи онҳо ин аст, ки аксар талафотро дар сафи нерӯҳои Русия ихтиёриён ва зархаридҳои “Вагнер” ташкил медиҳанд, ки дар миёни онҳо зиндониҳо ҳам ҳастанд. Ҳамаи онҳо чоряки талафоти умумии тасдиқшударо ташкил медиҳанд.
Инчунин маълум шудааст, ки дар марҳилаи аввали ҷанг талафоту қурбонӣ асосан дар миёни сарбозони пиёданизом, нерӯҳои баҳрӣ, гурӯҳи зудамал, яъне низомиёни касбӣ мушоҳида шудааст.
Беш аз 15 дарсади низомиёни кушташуда ё 1665 нафари онҳо афсарони касбӣ буда, дар миёнашон чор генерал ва 54 полковник ё сарҳанг мебошанд.
Хабарнигорон таъкид мекунанд, ки танҳо бар пояи маълумоти тасдиқшудаи манбаъҳои дастрас ва боз ҳисобу китоб мебаранд ва дар асл шумори қурбониҳо метавонад ду баробар бештар бошад.
Вазорати дифои Русия дар гузориши ахираш гуфт, шумори талафоти низомиёни рус 5937 нафар аст.
Гуфтугӯ