Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ба Покистон: Мушкилоти худро ба гардани дигарон наандозед


Вазири корҳои хориҷии Афғонистон (аз рост) бо cафири пешини Покистон дар Кобул
Вазири корҳои хориҷии Афғонистон (аз рост) бо cафири пешини Покистон дар Кобул

Вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон ба Покистон гуфтааст, дар робита ба ҳамлаи маргбори рӯзи душанбе дар Пешовар таҳқиқи ҷиддӣ карда, ангушти иттиҳомро ба тарафи Афғонистон дароз накунанд. Вазири дифои Покистон ва сиёсатмадорони дигари ин кишвар рӯзҳои гузашта гуфтанд, ки чунин ҳамлаҳо кори афродест, ки аз Афғонистон ба Покистон ворид шудаанд.

Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон, рӯзи 1-уми феврал дар маросими ифтитоҳи як маркази муолиҷаи муътодон ба маводи мухаддир дар Кобул гуфтааст, "Покистон набояд барфи боми худро ба рӯи боми дигарон бирезад ва ниёз аст ба мушкилоти худ дар хонаи худ расидагӣ кунад".

"Агар касе мегӯяд, ки Афғонистон маркази терроризм аст, пас, шумо мегӯед, ки терроризм марз надорад. Агар Афғонистон маркази терроризм мебуд, пас, ин ба Чин, Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Эрон ҳам густариш пайдо мекард. Аммо инҳо дар амн ҳастанд ва Афғонистон ҳам амн аст," -- афзудааст =.

Дар ин маросим сафири Покистон ва дипломатҳои баъзе аз кишварҳои дигар ва низ намояндагони созмонҳои байнулмилалии муқими Кобул иштирок доштаанд. Муттақӣ гуфтааст, "ба Покистон машварат медиҳем, ки ин ҳодисаро ба таври ҷиддӣ баррасӣ кунад ва ангушти иттиҳомро ба сӯи Афғонистон дароз накунад".

Вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон фарзияи ҳукумати Покистонро, ки ҳамла аз сӯи як нафар бо камарбанди интиҳорӣ анҷом шудааст, рад кард. Вай гуфт: "Имкон надорад, ки як нафар бо камарбанди интиҳорӣ ё бушкаи маводи тарканда ин ҳама вайрониро дар пай дошта бошад... Дар бист соли гузашта чунин васкати интиҳориро надидем, ки сақфи масҷидро бардорад ва ин ҳама кушта дар пай дошта бошад."

Муттақӣ дар ҳоле чунин изҳоротро баён медорад, ки гурӯҳи тундрави Толибон замони ҷанг бо ҳукуматҳои пешини Афғонистон, аз чунин шеваҳо истифода мекард ва ба масҷид, мактаб, бемористон ва ҳатто зоишгоҳҳо ҳамла менамуд. Бар асари ҳамлаҳои интиҳории Толибон дар бист соли гузашта дар Афғонистон ҳазорҳо нафар ҷони худро аз даст доданд.

Рӯзи душанбе бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар дохили як масҷид дар шаҳри Пешовари Покистон беш аз 100 нафар ҷон бохта, ҳудуди 160 нафар захмӣ шуданд. Аксар қурбониёни ин ҳамла кормандони пулис буданд.

Ҳамла дар яке аз манотиқи Пешовар бо шадидтарин тадбирҳои амният ва ҷойе рух дод, ки қароргоҳи ниҳодҳои муҳими истихборотӣ ва зиддитеррористӣ дар он ҷойгир ҳастанд. Ҳамла вақти намози пешин рух дод ва сақфи масҷид ба замин афтод.

Пас аз ин ҳамла, Хоҷа Осиф, вазири дифои Покистон ва шумори дигаре аз сиёсатмадорони ин кишвар гуфтанд, ки Афғонистон ба маркази терроризм табдил шуда ва афроди зиёди толибони покистонӣ дар ин кишвар қарор доранд.

Ба иттилои расонаҳои покистонӣ, дар робита ба ин ҳамла пеш аз 20 нафар боздошт шудаанд, ки дар миёни онҳо афсарони пулис низ ҳастанд. Ин ҳамла чанд моҳ пас аз он рух дод, ки музокирот миёни ҳукумати Покистон ва Таҳрики Толибони Покистон бо миёнҷигарии Толибони Афғонистон ба натиҷае нарасид.

Коршиносон бар ин боваранд, ки ҳам Толибон дар Афғонистон ва ҳам Таҳрики Толибони Покистон аз як хатти фикрӣ пайравӣ мекунанд ва бештар дар минтақаҳои паштуннишини ин ду кишвар нуфуз доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG