Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти X қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти сарпӯшида, ки рӯзҳои 10-12-уми феврал дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Чунонки Оҷонсии иттилоотии байналмилалии «Казинформ» хабар додааст, дар ин чорабинии муҳими Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё дар соли 2023 иштироки беш аз 500 варзишгар аз 31 кишвари қора дар назар аст.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Илдар Аҳмадиев, Фаворис Музрапов, Леонид Пронженко, Александр Пронженко ва Муҳаммадризо Мирзозода дохиланд.
Варзишгарон дар мусобиқоти X қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти сарпӯшида дар Остона оид ба 26 навъи рақобатҳо миёни мардону занон (дав ба масофаҳои 60 м, 400 м, 800 м, 1500 м, 3000 м, 60 м бо монеаҳо, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, тела додани гулӯла, панҷҳарба (занон), ҳафтҳарба (мардон) ва эстафетаи 4х400 м ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, варзишгарони тоҷик пеш аз мусобиқот дар шаҳри Остона дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ ширкат меварзанд.
Бояд гуфт, ки дар мавсими соли гузашта дар байни варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ оид ба варзиши сабук Илдар Аҳмадиев ба натиҷаҳои баланд даст ёфта буд. Вай барандаи медали нуқраи Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ дар ҷаҳиш ба дарозӣ дар шаҳри Қунияи Туркия, медали тилло дар ҷаҳиш ба дарозӣ ва медали нуқра дар давидан ба масофаи 200 метр дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Самарқанди Узбекистон, медали биринҷии мусобиқаи байналмилалӣ дар давидан ба масофаи 60 метр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мебошад.
Бо ин дастовардҳояш Илдар Аҳмадиев ба қатори даҳ варзишгари беҳтарини соли 2022, ки онро Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон муайян кардааст, дохил шуд.
Гуфтугӯ