Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз даҳ километр роҳи Ворухро нав кардаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Зиёда аз 10 километр роҳи ҷамоати Ворухи шаҳри Исфараро, ки дар сарҳад бо Қирғизистон ҷойгир аст, бозсозӣ кардаанд.

Баҳодур Баҳоваддинзода, раиси шаҳри Исфара, рӯзи 31-уми январ гуфт, шароити бунгоҳҳои тиббӣ дар Ворух ва ҷамоати Чоркӯҳро низ “беҳтар шуд”.

Роҳсозӣ дар ҳудуди Ворух борҳо ҷанҷолро миёни сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон ба бор овардааст.

Муноқишаи охирин дар минтақа, ки аз 14 то 17-уми сентябри соли 2022 ҷараён дошт, боис ба кушта ва захмӣ шудани садҳо нафар аз ҳар ду тараф гардид. Даҳҳо манзили сокинони ду ҷониби марз низ вайрон шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG