Нурулло Абдуллоев, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ки бо нақшҳои баёдмонданӣ ва барномаҳои панду андарзияш маъруф аст, мегӯяд, ҷонибдори қонун “Дар бораи танзими расму оинҳои мардумӣ” нест. Ба андешаи ӯ, ин қонун “бадбахтӣ ва қашшоқӣ” меорад.
Ҳунарманди маъруф, ки чанде пеш бемор буд, шифо ёфтааст ва розӣ шуд, ки дар як суҳбати видеоӣ ба суолҳои хабарнигори Радиои Озодӣ посух диҳад.
Гуфтугӯ