Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯҳониро дар Тоҷикистон танбеҳ додаанд


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, як рӯҳонӣ ва имомхатиберо аз вилояти Хатлон барои беэҳтиромӣ ба ҷомеа танбеҳ додаанд.

Дар барномаи телевизионии вазорат дар рӯзи 27-уми январ гуфта мешавад, нисбат ба Абдулҳаннон Маннонов барои баҳам задани ҷашни арӯсии ҷиянаш дар ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён чораҳои маъмурӣ андешида шуд.

Навори дашноми рӯҳонӣ ба меҳмонони тӯй ва рондани мардум аз хона барои рақсу бозӣ хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро барангехт.

Бисёриҳо рафтори Абдулҳаннон Манноновро танқид карда, гуфтаанд, ӯ набояд чунин рафтор мекард. Абдулҳаннон Маннонов дар ин барнома мегӯяд, аз асабоният чунин рафтор кард ва умедвор аст, мардум ӯро мебахшад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG