Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Сайёра Дусаеваро аз Русия ба Тоҷикистон фиристоданд


Навори ҷанҷолро дурбинҳои ошхона сабт карда буд.
Навори ҷанҷолро дурбинҳои ошхона сабт карда буд.

Писари як зани тоҷикро, ки дар Русия ба қатли ҳамкораш гумонбар аст, ба ватан ва ба назди пайвандон фиристодаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 25-уми январ гуфт, писари 8-солаи Сайёра Дусаева пас аз ҳабси ӯ танҳо монда буд.

Мақомоти Русия Сайёра Дусаева, шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистонро рӯзи 4-уми январи имсол ба иттиҳоми қатли як ошпази гурҷӣ дар ҷойи кораш дар шаҳри Маскав боздошт карданд.

Видеои ҷангу даъво ва кашмакаши Сайёра Дусаева бо ошпаз ва марги марди гурҷӣ аз зарби корд дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва баҳси зиёдро барангехт.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар изҳороте гуфт, зан аз худ ҳимоя кардааст. Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба ҳимоят аз ӯ садо баланд карданд.

Аз ин пеш, Додситонии кулли Тоҷикистон аз мақомоти Русия хост, парвандаро одилона баррасӣ кунанд.

Ҳамкорони Сайёра ба нашрияҳои маҳаллӣ гуфтаанд, "ҷанҷол пас аз шӯхӣ ва дастдарозии мард ба зан оғоз ёфт."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG