Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Русия ба Тоҷикистон меояд


Михаил Мишустин, нахуствазири Русия.
Михаил Мишустин, нахуствазири Русия.

Нахуствазири Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод.

Дар иттилоия гуфта шудааст, ки омодагиро ба ин сафар, ки қарор аст дар аввали моҳи марти имсол сурат бигирад, сафири Тоҷикистон дар Русия рӯзи 24-уми январ бо муовини вазири корҳои хориҷии Русия баррасӣ намуд.

Дар бораи ҳадафи сафари Мишустин тафсилоти бештар дода нашудааст.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия, бо Михаил Галузин зимни мулоқот ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар бахшҳои гуногун матраҳ кардааст.

Русия яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин кишвар мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG