Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ФФТ-2023 дар минтақаи Душанбе дар Ҳисор баргузор мешавад


Марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2023 дар минтақаи Душанбе рӯзи 26-уми январ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор оғоз меёбад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Ҷоми ФФТ дар ду марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ – сурат мегирад. Дар марҳилаи пешакӣ мусобиқот дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон – доир мегардад.

Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе ҳашт даста бар асоси қуръакашӣ ба ду гурӯҳ тақсим шудааст.

Ба гурӯҳи “А” дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Равшан» (Кӯлоб) ва ба гурӯҳи “Б” КМВА (Душанбе), «Шодмон» (Ҳисор), «Душанбе» (Душанбе), «Барқчӣ» (Ҳисор) шомиланд.

Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ аз минтақаи Душанбе чор даста (аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ), аз минтақаҳои Суғд ва Хатлон дудастаӣ роҳ пайдо мекунанд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2023 бо иштироки ҳашт даста моҳи феврал доир мегардад.

Маблағи умумии ҷоизаҳои Ҷоми ФФТ-2023 имсол 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ҷуз аз Ҷому медалҳои тилло, 50 ҳазор сомонӣ супурда мешавад. Ҷоизадори нуқра 30 ҳазор сомонӣ ва ҷоизадори биринҷӣ 20 ҳазор сомонӣ мегиранд.

Ҷоми ФФТ-2023

Марҳилаи муқаддамотӣ. Минтақаи Душанбе:

Гурӯҳи «А»: «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ», «Кӯктош», «Равшан».

Гурӯҳи «Б»: КМВА, «Шодмон», «Душанбе», «Барқчӣ».

Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дар бозии ниҳоӣ бар “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 4:0 ғолиб омад, бори сеюм Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард.

Бояд тазаккур дод, Ҷоми ФФТ аз соли 2012 бори дувоздаҳум сурат мегирад. Ҳамагӣ чаҳор даста ин Ҷомро ба даст овардааст. “Истиқлол”-и Душанбе шаш бор, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода се бор, “Хайр”-и Ваҳдат ва “Кӯктош”-и Рӯдакӣ якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ гардидаанд.

Даври 1-ум

Гурӯҳи «А»

26 январ (панҷшанбе)

11:00 – «Равшан» – «Кӯктош»

14:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

Гурӯҳи «Б»

27 январ (ҷумъа)

11:00 – КМВА – «Барқчӣ»

14:30 – «Шодмон» – «Душанбе»

Даври 2-юм

Гурӯҳи «А»

29 январ (якшанбе)

11:00 – «Кӯктош» – «Истиқлол»

14:30 – «Равшан» – «Регар-ТадАЗ»

Гурӯҳи «Б»

30 январ (душанбе)

11:00 – «Барқчӣ» – «Душанбе»

14:30 – КМВА – «Шодмон»

Даври 3-юм

Гурӯҳи «А»

1 феврал (чоршанбе)

11:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош»

14:30 – «Истиқлол» – «Равшан»

Гурӯҳи «Б»

2 феврал (панҷшанбе)

11:00 – «Шодмон» – «Барқчӣ»

14:30 – «Душанбе» – КМВА

Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2022):

2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0

2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1

2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 5:2

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:2

2021 – «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:1

2022 – «Ҳосилот» (Фархор) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 0:4

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG