Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Академик Ҳайдар Сафиев даргузашт


Академик Ҳайдар Сафиев, доктори илми кимиё ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино, рӯзи 20-уми январ дар 73-солагӣ дар Душанбе даргузашт.

Ҳамкоронаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ аз чанд вақт ба ин тараф аз бемории саратон ранҷ мебурд. Маросими ҷанозаи ӯ баъд аз зуҳри ҷумъа дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ҳайдар Сафиев хатмкардаи Донишкадаи политехникии Киеви Украина буд. Ӯ солҳои зиёд дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб, мудири шуъбаи илм, техника, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Шӯрои вазирони Тоҷикистон (1982-1987) кор кард.

11 сол мудири озмоишгоҳи Пажӯҳишгоҳи кимиёи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва саркотиби илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.

Ҳайдар Сафиев дар солҳои 2001-2005 дар мақоми раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кард. Солҳои 2005-2009 мушовири президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои илм ва технология буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG