Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имомхатиб раҳбари дастаи футболи Восеъ шуд. ВИДЕО


Саидакрам Сироҷев
Саидакрам Сироҷев

Бозигарон ва мураббии дастаи "Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъ, дар ҷануби Тоҷикистон, имомхатиби масҷидро раҳбари даста интихоб карданд. Онҳо умед доранд, ки Саидакрам Сироҷев барои пешрафти даста ва роҳ ёфтани он ба мусобиқаҳои баланд мусоидат мекунад. Назарҳо ба кори ӯ яксон нест.

Интихоби Саидакрам Сироҷев рӯзи 15-уми январ ва, ба гуфтаи масъулони даста, бо дархости бозигарону мухлисон сурат гирифт. "Ба мо ҳамин хел пешниҳод шуд. Ҳамроҳи бачаҳо маслиҳат кардем ва дастҷамъона ризоят додем," – гуфт Ҷӯрахон Мирзоев, сармураббии "Ҳулбук".

Имомхатиби ноҳияи Восеъ мегӯяд, дар гузашта се сол дастаро сарпарастӣ кардааст ва таҷрибаи кор бо футболбозонро дорад: "Дар гузашта низ ҳамроҳи даста будем. То ҷойи дувуму севум рафта будем."

Назарҳо ба фаъолияти ӯ яксон нест. Иддае дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигоштаанд, ҳар кас кори худро бикунад ва ин рӯҳонӣ низ. Корбаре ба номи Ҳақназар Соҳиб дар Фейсбук навишт, "сарвари масҷид як кори ифтихорист, на шуғлу касб. Кӣ гуфтааст, ки як рӯҳонӣ иҷозаи машғул шудан ба варзишро надорад?"

Саидакрам Сироҷев ҳам мегӯяд, ӯ бозигар нест ва дар майдони футбол аз ин сӯ ба он сӯ нахоҳад давид, балки бо мадади соҳибкорон дастаи "Ҳулбук"-ро ба пеш хоҳад бурд. "Як иқдом гирифтем, ки имсол дастаро соҳибӣ кунем ва ҳамроҳи соҳибкорон ба комёбиҳои нав ба нав ноил шавем," – афзуд ӯ.

Дастаи "Ҳулбук"-ро дар ноҳияи Восеъ соли 1982 таъсис доданд. Чанд сол пеш дар Лигаи олӣ буд, ҳоло дар Лигаи аввал мекунад.

Мураббии даста як сабаби дар зинаи поин мондани дастаро "набудани шароит" номид. Ҳоло буҷаи солонаи даста 350 ҳазор сомонист. Ба изофаи "Ҳулбук", дар ноҳияи Восеъ дастаи "Файзканд" низ ҳаст, ки дар Лигаи олӣ бозӣ мекунад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Домулло раҳбари дастаи футбол шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG