Маҳмурод Сафаров шаш соли ахир дар яке аз поркҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия роҳрӯбӣ мекунад. Амале, ки ба қавли Маҳмурод, ӯ ва бисёре аз мардони ҳамдиёраш дар мулки ғайр онро бе ҳеҷ "изо кашидан" анҷом медиҳанд. Аммо аз поккорӣ дар ватани худ "шарм" медоранд ва ба таъбире онро як амали "занона" медонанд.
Ин ҷавон мегӯяд, ки дар Тоҷикистон барояш ғайри қобили қабул ва тасаввурнопазир аст, ки дар назди шиносҳо ва ё зану фарзандонаш ҷорӯб ба даст бигирад ва кӯчарӯбӣ кунад: "Ман худам рӯбандагӣ кардаам, вале агар ҳамин корро дар ватан кунем, назари мардум дигар аст, инҷо мардум нигоҳи дигар доранд, боз худам ҳам шарм мекунам, ки ин коро кунам, фикр мекунад, ки кори занона аст."
Дар миёни беш аз 70 зани рӯбанда дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон марде ба чашм намехӯрад ва аксаран занҳо ба ин кор машғуланд.
Маҳмурод, ки тайи шаш соли ахир рӯзгори зану чаҳор фарзандашро бо пули рӯбандагӣ пеш мебарад, мегӯяд, ӯ ин корро дар Тоҷикистон ба ивази 20 ҳазор рубли русӣ ҳам анҷом намедиҳад, чун шарм медорад. Ин ҷавон мегӯяд, ки дар Русия даҳҳову садҳо мардону ҷавонони дигари тоҷик низ чунин амалро анҷом медиҳанд, вале дар ватани худ намехоҳанд, ки ҳатто кори кардаашонро дар назди зану фарзандонашон нақл кунанд.
Ҳарчанд ҷорӯбзанӣ ва роҳрӯбӣ барои мардон кори баде ба назар намерасад, вале масъулин дар шаҳру навоҳии Хатлон мегӯяд, ки мардҳо хеле кам хоҳиш доранд, ки ба ҳайси роҳрӯб кор кунанд. Коре, ки дар ҳама фаслҳои сол -- аз зимистони қаҳратун то тобистони тафсон онро аксаран занон анҷом медиҳанд. Дар миёни беш аз 70 зани рӯбанда дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон марде ба чашм намехӯрад ва аксаран занҳо ба ин кор машғуланд.
"Занҳо набошанд, шаҳрро кӣ мерӯбад?"
Муқим Кулов, сардори хоҷагии манзилию комуналии вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯбандагиро барои занон раво намебинад, вале мардҳо аз рӯбандагӣ шарм мекунад ва намехоҳанд, ки онро анҷом диҳанд: "Занҳо, ки рӯбандагӣ накунад, кӣ мерӯбад шаҳрро? Занон бекор ҳастанд, бинобар ҳамин ин коро мекунанд, агар ҳамин корро накунанд, аз куҷо зиндагияшонро пеш мебаранд?"
Муқим Кулов гуфт, ки мардҳо аз як сӯ аз роҳрӯбӣ шарм медоранд ва аз тарафи дигар бо маоши каме, ки ба онҳо пешниҳод мешавад, намехоҳанд ин корро анҷом диҳанд: "Барои мардҳо низ ҷойи кор ҳаст, вале намехоҳанд кор кунанд, як мардро гуфтем, ки кор кунад, хандид, мардҳо кор намекунад."
Ҷумъагул Асророваи 50-сола, яке аз даҳҳо зани рӯбанда дар ҷануби Тоҷикистон, мегӯяд, ки 20 сол ба ин тараф дар сардиҳои қаҳратун ва гармои тафсони тобистон барои чархонидани аробаи зиндагиаш, кӯчарӯбӣ мекунад. Мегӯяд, ки бо 450 сомонӣ зиндагии се фарзандашро пеш мебарад ва агар соҳиби маълумоти олӣ мешуд, шояд ӯ ҳам рӯбандагӣ намекард.
"Вақте, ки маълумоти олӣ надорем, маҷбурем, ки ҳамин коро кунем, корамон аз соати 6-и субҳ оғоз мешавад, фарзандонам кор намекунад, мардум муносибати бад доранд, барои рӯфтан, ки чанг мешавад, ҷанг мекунад, муносибати бад доранд, аммо боз ҳастанд нафароне, ки ба кори сангини мо дилашон месӯзад."
Ҷумагул Асророва мегӯяд, ки дар кӯчаи Ҷалолиддини Румии шаҳри Қӯрғонтеппа бо ду фарзандаш зиндагӣ мекунад ва ҳар рӯз бояд чаҳор ҳазор метри квадратӣ роҳро тоза кунад ва ба хона баргардад.
Ҷумъагул танҳо зани рӯбанда нест, ки тамизкориро кори занона медонад. Гулниссо ҳам мегӯяд, ки поккории кӯча барои мард айб аст ва ӯ низ намехоҳад, ки шавҳар ё марде аз хонаводаааш ба даст ҷорӯб бигирад.
Чанд рӯзи пеш, ки майдони асосии баргузории чорабинии Ҷашни Сада ҳама барфпӯш буд ва то омадани меҳмонон, аз субҳ то соати 11 танҳо занон онро аз барф пок карданд, ҳарчанд ин кор ба нерӯи мардон зуд ва хубтар анҷом мешуд.
Тибқи иттилои Хоҷагии манзилию комуналии Хатлон, ҳудуди 1000 нафар занон ба тоза кардани кӯчаю хиёбонҳои вилоят машғул ҳастанд, Маоши ин занон аз 400 то 450 сомонӣ аст, вале дар иду ҷашнҳо дар баробари сангин шудани корашон, ки бояд маркази шаҳру навоҳиро тоза ва рангу бор кунад, ҳамчун ҳадя пули иловагӣ мегиранд.
Махфират Садирова, мудири хонаҳои баландошёнаи шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, ки имсол Наврӯзи байналмилалӣ дар ин шаҳр ҷашн гирифта мешавад ва шаҳрдорӣ барои занони рӯбанда калӯши замистона ҳадя кард ва дар рӯзҳои ид боз барои онҳо тӯҳфаҳои пулӣ дар назар гирифта шудааст.