Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, аз ҳамкоронашон дар Русия хостаанд, парвандаи пурсарусадои як зани тоҷикро, ки ба қатли як ҳамкораш дар Маскав муттаҳам мешавад, холисона тафтиш кунад.
Додситонӣ рӯзи 14-уми январ бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайти худ гуфт, “вобаста ба навори латукӯби Сайёра Дусаева, ки дар Интернет нашр шудааст” бар асоси созишномаи ҳамкорӣ ба Русия дархост ирсол кардааст.
Дар баёния омадааст: “Дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Россия аз 21-уми декабри соли 2009 ба Прокуратураи генералии Федератсияи Россия ҷиҳати таъмини назорати тафтиши холисона ва ҳаматарафаи қазияи мазкур дархост ирсол карда шуд. "
Мақомоти Русия Сайёра Дусаеваи 36-сола, шаҳрванди Тоҷикистонро рӯзи 4-уми январи имсол бо иттиҳоми қатли як ошпази гурҷӣ дар ҷойи корашон дар шаҳри Маскав боздошт карданд. Видеои ҷангу даъво ва кашмакаши Сайёра Дусаева бо ошпаз ва марги марди гурҷӣ аз зарби корд дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ паҳн шуд ва баҳси зиёдеро барангехт.
Ҳамкорони Сайёра ба нашрияҳои маҳаллӣ гуфтаанд, "ҷанҷол пас аз шӯхӣ ва дастдарозии мард ба зан оғоз ёфтааст." Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки тафтиши парвандаи шаҳрванди кишвар дар Русия идома дорад.