Вакилони мардумии Қазоқистон як қонунеро беэътибор карданд, ки хешовандони наздики Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури собиқро аз ҳаққи масуният маҳрум ва роҳро барои ҷазо додани онҳо боз мекунад.
Вакилони порлумони Қазоқистон рӯзи 13-уми январ бо қабули қарор, гуфтанд, ки дигар Қонун дар бораи раиси ҷумҳури аввалин (елбасӣ) аз эътибор соқит дониста шавад. Ду рӯз пештар аз ин Додгоҳи конститутсионии Қазоқистон айни қарорро қабул карда гуфт, ки қарори мазкур “бо дархости вакилон ва мутобиқ ба раъйпурсии умумии соли 2022 қабул шуд, ки дар он номи Назарбоевро аз Қонуни асосӣ берун ва ӯро аз унвони элбасӣ маҳрум карданд.”
Қонуни баҳсбарангези мазкур соли 2000-ум қабул шуд ва ба Назарбоеву аъзои оилааш масуният ва дигар имтиёзҳо медод. Бар асоси ин қонун, ҳеч касе ҳақ надошт, раиси ҷумҳури собиқу аъзои оилаи ӯро ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашад, магар ин ки ба хиёнат ба давлат муттаҳам бишаванд. Бо вуҷуди беэътибор шудани қонун, худи Нурсултон Назарбоев бар асоси Қонун дар бораи президенти Қазоқистон ҳамчунон аз ҳаққи масуният бархурдор аст ва ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ мумкин нест.
Аз ин пештар вакилони Қазоқистон, Нурсултон Назарбоевро аз мақоми узви ифтихории Сенат, палатаи болоии порлумон маҳрум карданд. Раиси ҷумҳури феълӣ Қосимҷомарт Тоқаев, пас аз нооромиҳои моҳи январи соли 2022 бо қабули қонуну фармонҳои гуногун, Назарбоевро, ки салоҳияту нуфузи зиёд дошт, ба канор ронд. Нурсултон Назарбоев, ки тақрибан 30 сол, Қазоқистонро бо “мушти оҳанин” идора мекард, соли 2019 аз мақомаш истеъфо дод ва Тоқаевро вориси худ эълон кард.
Бо вуҷуди рафтан аз мақом, ба ҳайси дабири Шӯрои амнияти миллӣ, як ниҳоди қудратманди кишвар, Назарбоев салоҳиятҳои васеъ ва унвони “элбасӣ” ва ё пешвои миллатро дошт. Бо вуҷуди истеъфои ӯ, бисёре аз қазоқҳо аз саркӯбу истибдоде, ки дар замони Назарбоев дидаанд, хотираҳои талх доштанд.
Эҳсоси манфии онҳо моҳи январи соли гузашта дар тазоҳуроти бесобиқаи зиддиҳукуматӣ ҳувайдо шуд, ки сабаби аслиаш болоравии қимати маводи сӯхт буд. Тазоҳурот ногаҳонӣ ба бесуботиву нооромии маргбор печид. Тазоҳургарон мегуфтанд, фасоду ришвахорӣ ва қавмгароӣ дар аҳди Назарбоев ба ӯ имкон дод, оилаву атрофиёнашро сарватманд кунад, вале мардуми оддӣ дар Қазоқистони саршор аз нафту газ аз фоидаи ин манобеи миллӣ бебаҳра монданд.
Баъди ин ҳама Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури феълӣ, мақоми дабири Шӯрои амнияти миллиро аз дасти Назарбоев гирифт. Баъзе аз хешовандону шарикони ӯро аз мақомҳояшон барканор кард, иддае истеъфо доданд. Чанде ҳам бо гуноҳи ришвахорӣ боздошт шуданд. Яке аз ҷиянҳояшро бо ҳамин гуноҳ ба 6 соли зиндон маҳкум карданд.
Мунтақидон дар Қазоқистон мегӯянд, ки ибтикороти Тоқаев аксаран зоҳирӣ ҳастанд ва моҳияти низоми худкомаи кишварро, ки солҳост ба ришвахории густурда ва қавмгароӣ олуда шудааст, тағйир намедиҳад.
Гуфтугӯ