Оҷонси мубориза бо фасод дар Қазоқистон хабар дода, ки дар доираи парвандаи Кайрат Сатибалдӣ, ҷияни президенти пешин Нурсултон Назарбоев ба маблағи 230 миллион доллар ҷавоҳирот аз хориҷ ба ин кишвар баргардонида шудааст.
Ба иттилои оҷонс, ин ҷавоҳирот дар натиҷаи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ "дар кишварҳои хориҷи дур" пайдо карда шудааст. Хадамот рӯйхати ҷавоҳиротро пешниҳод накардааст.
Қаблан Кумитаи амволи давлатӣ ва хусусигардонии Қазоқистон хабар дод, ки дороиҳои Кайрат Сатибалдӣ ба нафъи давлат мусодира шуданд. Тибқи иттилои расонаи LS, 3 миллиону 84 ҳазору 893 саҳмияи одии ""Қазақтелеком" давлатӣ гаштааст.
Додгоҳи ноҳияи Байконури шаҳри Остонаи Қазоқистон Кайрат Сатибалдиро айбдор эълон ва 6 сол зиндонӣ кард.
Бародарзодаи Назарбоев дар азхудкунии 12,7 миллиард тангаи "Қазоқтелеком" ва 28,6 миллиард тангаи "Маркази хадамоти нақлиёт"-и Қазоқистон айбдор мешуд. Худи ӯ пештар дар додгоҳ ғорати маблағҳои ширкатҳоро эътироф карда буд.
Хадамоти мубориза зидди фасоди Қазоқистон 13-уми марти имсол Кайрат Сатибалдиро, ки ба гуфтаи мақомот, мехост, кишварро ба қасди Дубай тарк кунад, дастгир кард. Он замон гуфта мешуд, ки Сатибалдии 51-сола дар "сӯистифода аз мақом ва дуздии дороиҳои ширкати мухобиротии "Қазоқтелеком" дар ҳаҷми махсусан калон" айбдор мешавад.
Қаблан расонаҳо Кайрат Сатибалдиро ягона муассиси ширкати оффшории "Skyline Investment Company S.A." номида буданд. Forbes Kazakhstan дороии Сатибалдиро 163 миллион доллар арзёбӣ ва ӯро ба рӯйхати бонуфузтарин соҳибкорони Қазоқистон ворид карда буд.
Гуфтугӯ