Маҳдудияти нерӯи барқро дар Тоҷикистон аз 11-уми январ бекор кардаанд.
Аз тирамоҳ боз дар гӯшаҳои кишвар лимити барқ ҷорӣ буд. Мақомот ҳамвора мушкилро ба камии об дар обанборҳо пайванд медоданд.
Тасмим пас аз он дигар шуд, ки қарордоди нави Тоҷикистон бо ҳукумати Толибон барои содироти барқи кишвар ба Афғонистон вокунишҳои тундро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.
Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" рӯзи 12-уми январ дар эъломияе гуфтанд, тамоми гӯшаҳои кишварро бе маҳдудият бо нерӯи барқ таъмин хоҳанд карданд.
Онҳо ҳамчунин гуфтанд, то имрӯз ба далели "норасоии захираҳои обу энергетикӣ" лимит ҷорӣ буд ва барқ аз соати 22-и шаб то 5-и субҳ дар хонаҳои сокинон хомӯш карда мешуд.
Таъмини аҳолӣ бо барқ яке аз мушкилҳои асосии ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешавад, ки бо вуҷуди бунёди нерӯгоҳҳои зиёд то ҳол ҳалли худро наёфтааст.
Гуфтугӯ