Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии олимпӣ маълум шуданд


Мунтахаби футболи Тоҷикистон бар асоси қуръакашии даври аввали мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпии соли 2024 миёни дастаҳои занона, ки имрӯз, 12-уми январ, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC), дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуд, дар гурӯҳи «Е» бо тимҳои миллии Филиппин, Ҳонконг ва Покистон рақобат мекунад.

Дар даври аввали мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпии соли 2024 ҳамагӣ 26 дастаи мунтахаби занона рақобат мекунад, ки ба ҳафт гурӯҳ тақсим мешаванд: панҷ гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ ва ду гурӯҳи седастаӣ. Бозиҳои даври аввал аз 3-юм то 11-уми апрел баргузор мешаванд.

Танҳо ғолибони ҳафт гурӯҳ ба даври дуюми интихобӣ роҳ меёбанд, ки дар он панҷ дастаи дар радабандии Осиё беҳтарин – Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Австралия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ - ҳамроҳ мешаванд.

Чаҳор дастаи беҳтарини даври дуюми интихобӣ (се ғолиби гурӯҳ ва беҳтарин ҷойи дуюм) дар даври сеюми интихобӣ бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Дар даври ниҳоӣ дастаҳо ду ҷуфт ташкил карда, дар он ду бозӣ - дар хона ва меҳмонӣ баргузор мекунанд. Ғолибони ҷуфтҳо ҳаққи ширкат дар мусобиқоти футболи занонаи Олимпиадаи соли 2024 дар Парижро ба даст меоранд.

Натоиҷи қуръакашии даври аввали мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпии соли 2024 миёни дастаҳои занона

Гурӯҳи «А»: Узбекистон, Урдун, Темури Шарқӣ, Бутан.

Гурӯҳи «В»: Мянмар, Эрон, Бангладеш, Молдив.

Гурӯҳи «С»: Ветнам, Непал, Фаластин, Афғонистон.

Гурӯҳи «D»: Тайланд, Муғулистон, Сингапур, Шри-Ланка.

Гурӯҳи «Е»: Филиппин, Ҳонконг, Тоҷикистон, Покистон.

Гурӯҳи «F»: Тайбэйи Чин, Индонезия, Лубнон.

Гурӯҳи «G»: Ҳиндустон, Қирғизистон, Туркманистон.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG