Ҷӯрақул Ҳайдарови 67-сола як ҳафта боз барои гирифтани 600 сомонӣ ёрии якдафъаинае, ки барои оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон ваъда шудааст, саргардон аст. Дар ҳукумати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба ӯ гуфтаанд, маблағро ба корти бонкияш мегузаронанд.
Ӯ маъюби гурӯҳи дувум аст. Санади камбизоатӣ дорад. Рӯзи 5-уми январ дар манзили иҷорааш дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ба Оҷонси нафақа ва бонки давлатии "Амонатбонк" муроҷиат кард, аммо то ҳол ба дарёфти кумакпулӣ муваффақ нашуд.
"Ба бонк рафтам, гуфтанд, корт холист. Ба Оҷонси нафақа рафтам, гуфтанд, пул нест. 300 сомонӣ нафақа мегирам. Кофӣ нест. Хабари кумакпулиро шунида, хурсанд шудам. Ду халта орд мешавад, лекин намедонам чаро то ҳозир нагузарониданд," – шиква кард ӯ.
"Рӯйхатро ба Амонатбонк додем"
Ду ҳафта пеш, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба ду палатаи порлумони Тоҷикистон гуфт, то охири соли 2022 ба 475 ҳазор ниёзманд, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат кумаки якдафъаина ба маблағи 600 сомонӣ пардохт гардад.
Дар Оҷонси давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, "дар пйаванд ба ҷудо кардани кумакпулӣ қарори фаврии ҳукумат баромад". Дар ин ниҳод дақиқан нагуфтанд, ки то ҳол ба чӣ қадар хонаводаи камбизот пул дастрас шуд.
Гулрафтор Абдурасулова, як масъули Оҷонси давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, рӯзи 4-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯйхати шахсони камбизоатро ба "Амонатбонк" фиристоданд. "Он қишри осебпазир, яъне маъюбон, оилаҳои камбизоат, гурезаҳо аз ин қарор хабар доранд. Дар як муддати кӯтоҳ рӯйхати онҳо ба "Амонатбонк" пешниҳод гардид. Бонк ба сардори ҳар оилаи камбизоат кумаки якдафаъинаро интиқол додааст," – шарҳ дод ӯ.
Тақсими ёриҳо барои камбизоатон ҳамеша дар Тоҷикистон танқидҳоро дар пай дорад. Баъзе аз сокинон мегӯянд, бо вуҷуди шароити вазнин онҳоро ба рӯйхати шахсони камбизоат ворид намекунанд ва, ҳамин тавр, онҳо аз дарёфти ёриҳо маҳрум мемонанд.
"Камбағал ҳастам, вале..."
Моҳира Холова, сокини Душанбе, аз зумраи онҳоест, ки ба гуфтааш дар шароити сангине ба сар мебарад. Вай нақл кард, ки "рӯзи 5-уми январ ба "Амонатбонк" рафтам, вале гуфтанд, номатон дар рӯйхати шахсони эҳтиёҷманд нест. Пештар номам дар рӯйхат буд."
Гулрафтор Абдурасулова, намояндаи Оҷонси давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, мегӯяд, сокиноне, ки барои як муддати муайян, барои мисол як сол, ҳамчун камбизоат эътироф шудаанд, бо гузашти вақт эҳтимоли аз рӯйхат берун шуданашон ҳаст. Бино бар ин, ӯ тавсия дод, ки шахсони ниёзманд барои дигарбора ворид шудан ба рӯйхат бояд ба мақомоти маҳалли зисти худ муроҷиат кунанд.
Дар ин миён оилаҳое ҳам ҳастанд, ки кумаки якдафъаинаро аллакай дарёфт кардаанд. Ҳамсари Файзиддин Қурбонов маъюби гурӯҳи дувум аст. Ӯ мегӯяд, “пул ба корти бонкии ҳамсарам гузашт. Барояш дору харидем. Худам 1200 сомонӣ маош мегирам, 700 сомонияшро ба иҷора медиҳам, боқимондааш барои хурду хӯрок аст.”
Ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон феълан 220 ҳазор хонаводаи камбизоат расман сабт шудааст. Баъзе аз созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ омори шахсони ниёзманду дастнигарро дар кишвар бештар аз ин арзёбӣ кардааст.
Дар гузашта мақомоти Тоҷикистонро барои тақсими нодуруст ё хешутаборбозӣ дар ҷараёни ироаи кумакҳо борҳо танқид кардаанд. Масъулон мегӯянд, тақсими ҳамагуна кумакҳо ба мардум зери назорат аст.
Гуфтугӯ