"Роскомнадзор" ё Хадамоти федеролии назорат дар бахши алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва иртибототи Русия як видеои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ("Мухолифи ҳукумати Тоҷикистон чаро ба Украина рафт?")-ро дар ҳудуди ин кишвар дастнорас кард. Дар ин бора тарҳи "Роскомсвобода" дар Телеграм рӯзи 4-уми январ хабар дод.
Навори суҳбат бо Шарофиддин Гадоев, узви "Паймони Миллӣ", як созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, моҳи ноябри соли 2022 дар сомонаҳои Радиои Озодӣ пахш шуд.
Шарҳи мақомоти Русия дастрас нест. Тарҳи "Роскомсвобода" ибрози тааҷҷуб кардааст, ки "навор ба забони тоҷикӣ аст, вале чаро тасмим гирифтанд, онро дар Русия дастнорас кунанд".
Он замон узви "Паймони Миллӣ", эътилофи чаҳор созмони мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа, гуфта буд, ки ним моҳ дар Украина буд ва бо зиндагии мардуму вайрониҳоие, ки артиши Русия ба ҷо гузошт, аз наздик ошно шуд. Шарофиддин Гадоев афзуд, ба тоҷикон паём додааст, ки аз тарафи Русия дар ин ҷанг иштирок накунанд.
"Роскомнадзор", инчунин, торнамои созмони иҷтимоии "Украинская женская стража"-ро дар Русия баст. Ин созмон ба занон дар бораи ҷангу чигунагии дифоъ аз худ матолиб нашр мекард.
Пеш аз ин, дар охири моҳи декабр, "Роскомнадзор" сомонаи тарҳи "Шоҳидон"-ро баст. Дар он ҳаёти одамоне, ки дар натиҷаи ҷанг дар Украина тағйир ёфтааст, мунташир мешуд. Сардабири тарҳ, Виктор Мучник, мегӯяд, сарфи назар аз масдуд шудани сомона, маводи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас аст.
"Роскомнадзор" рӯзи 26-уми марти соли 2022 сомонаи русии бахши тоҷикии Радиои Озодиро дар қаламрави Русия комилан баст.
Гуфтугӯ