Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Номуайянӣ дар Русия, ҷанг дар Украина". Бозгашти душаҳрвандиҳо ба Тоҷикистон? ВИДЕО


Мошине бо рақаму нишонии Русия дар Душанбе
Мошине бо рақаму нишонии Русия дар Душанбе

Ҳаракати мошинҳо бо рақаму нишонии минтақаҳои Русия дар роҳҳои Тоҷикистон афзудааст. Соҳибони баъзе аз онҳо гуфтанд, ки шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро доранд ва пас аз эълони сафарбарии нерӯҳои иловагӣ ба артиш муваққатан ба кишвар баргаштанд. Мақомот мегӯянд, теъдоди умумии мошинҳое, ки бо рақами русӣ ба Тоҷикистон омадаанд, ҳанӯз ҳисоб нашудааст.

Як ҳамсуҳбати мо ба номи Дилшод солҳо дар Русия кору зиндагӣ карда, шаҳрвандии он кишварро гирифтааст. Мегӯяд, ду моҳ пеш бо мошинааш ба Тоҷикистон омад. Ба сабаби, ба гуфтааш, сарнавишти норӯшан дар Русия ва ба хотири нарафтан ба ҷанги Украина.

"Ба воситаи марзи Қазоқистон омадем. Бо мошини худамон. Кӯдаконро ҳам овардем. Нақша дорем, дубора баргардем. Пас аз Соли нав мебинем, ки чӣ хоҳад шуд. Вазъиятро мебинем. Баргаштан ба Русия барои муҳим аст," -- гуфт Дилшод рӯзи 27-уми декабр.

Ислом, мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ, ки бо мошинааш аз Маскав ба Душанбе омадааст, гуфт, "дидам, ки аксар одамон бо мошини шахсӣ меоянд, ман ҳам бо мошин омадам. Ягон мушкил нест."

Вай ошкоро нагуфт, ки чаро бо мошини шахсӣ аз Русия берун шуд. Баъзеи дигар дар суҳбатҳои худмонӣ гуфтанд, мошини шахсӣ дар ҳоли дармондагӣ ба кор меояд. Мисли чанд нафари онҳо, ки дар кӯчаҳои Душанбе мусофир мебаранд.

Ризвон Одилов, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, "ҳозир мошинҳо бо рақами русӣ бисёр шудаст. Шояд ба хотири "мобилизатсия" ва муваққатан."

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфтанд, омори дақиқи мошинҳоро бо рақами давлатии Русия ҳисоб накардаанд ва барои ҷамъоварии маълумот вақт зарур аст. Масъулони ниҳод ҳамзамон гуфтанд, "мошинҳо бо рақами қайди давлатии хориҷӣ баъди вуруд то 15 рӯз ҳаққи бесабтином монданро доранд. Баъдан бояд сабтином кунанд ё аз марзи Тоҷикистон берун шаванд."

Сафарбарии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиши Русия, ки боиси ба Тоҷикистон омадани ҳазорҳо шаҳрванди он кишвар шудааст, моҳи сентябри имсол оғоз шуд. Мақомоти Русия гуфта буданд, ба ин маърака афроди душаҳрвандӣ, ки таҷрибаи хидмат дар артишро доранд, низ ҷалб карда хоҳанд шуд.

Ба ҳисобҳои расмӣ, садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон шиносномаи Русияро доранд. Танҳо дар нӯҳ моҳи имсол тақрибан 120 ҳазор нафар ин санадро гирифтаанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ҳам мошинро ба Тоҷикистон меоранд ва ҳам аз ҷанги Украина худро канор мекашанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG