Тоҳир Абдолбеков, раиси пешини хадамоти коммуналии Хоруғ, узви собиқи Маҷлиси Бадахшон ва яке аз хешовандони фаъоли маданӣ, Ораз Вазирбеков, ба шашуним сол зиндон маҳкум шудааст.
Мақомот дар бораи боздошту парванда ва ҳукми ӯ ҳеч шарҳ намедиҳанд. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Додгоҳи шаҳри Хоруғ ҳукмро рӯзи 22-юми декабр эълон кард.
"Ҷараёни мурофиа бо ҳузури пайвандон, аммо бе вакили мудофеъ гузашт," – гуфт як манбаъ ба шарти фош нашудани ном рӯзи 26-уми декабр.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, Абдолбековро расман ба "тундгароӣ" (қисми дувуми моддаи 307) ва "истеҳсолу нигоҳдорӣ, интиқоли мол ва маҳсулоте, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нест" (моддаи 209-и Кодекси ҷиноӣ) гунаҳкор донистаанд.
Тоҳир Абдолбеков дар миёнаҳои моҳи ноябри имсол боздошт шуд. Пайвандони ин узви собиқи Маҷлиси Бадахшон дар аввал гуфта буданд, ки ӯ барои "расондани ёрӣ ба эътирозгарон дар Хоруғ" муттаҳам аст. Дертар илова карданд, ки "ба ҳамкорӣ бо Алим Шерзамонов" ва "додани оши Мамадбоқир Мамадбоқиров" гумонбар шуда.
Худаш дар ҷараёни тафтиш ва муҳокимаи парванда дар додгоҳ ҳамагуна иттиҳомро беасос донистааст. Ба қавли яке аз пайвандонаш, ки дар мурофиа ҳузур дошт, Тоҳир Абдолбеков хитоб ба додрас гуфтааст, "маро говсуд кардед".
Дар Додгоҳи шаҳри Хоруғ ба зангҳои мо посух надоданд.
Яке аз пайвандони Тоҳир Абдолбеков ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 26-уми декабр аз рӯйи ҳукми Додгоҳи шаҳри Хоруғ шикоят карданд. "Бо далелу санад хостем, ки қазияаш одилона ва мунсифона таҳқиқ карда шавад. Мунтазири мурофиа ҳастем, то ҳукмро бозбинӣ кунанд," – афзуд ӯ.
Тоҳир Абдолбеков, язна (шавҳари хоҳар)-и Ораз Вазирбеков, фаъоли бадахшонӣ ва соҳиби чанд дӯкон дар Хоруғ аст. Додгоҳи шаҳри Душанбе худи Вазирбековро, ки дар шароити мармуз аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд, дар аввали моҳи ноябр ба 16 сол зиндон маҳкум кард.
Боздошт ва ба зиндон андохтани фаъолони маданӣ аз Бадахшон ва наздиконашон баъд аз моҳи майи имсол оғоз ёфт. Пас аз онки дар ноҳияи Рӯшон мардум як роҳеро бастанд ва эътироз карданд. Дар натиҷаи истифодаи нерӯ ба зидди тазоҳургарон даҳҳо нафар кушта шуданд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои боздошти фаъолони маданӣ ва хабарнигорон борҳо ва сахт танқид карданд. Аз ҷумла, Дидбони Ҳуқуқи Башар моҳи август аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба муҳокимаҳои “ноодилонаи сокинони Бадахшон поён дода, боздоштҳои ғайриқонунии онҳоро бас кунад.”
Гуфтугӯ