Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон ба Ботканд рафтааст


Содир Ҷабборов ба суолҳои сокинон дар бораи масоили марзӣ посух додааст.
Содир Ҷабборов ба суолҳои сокинон дар бораи масоили марзӣ посух додааст.

Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон рӯзҳои 24-ум ва-25-уми декабр ба вилояти Бодканди ҳаммарз бо Тоҷикистон сафар карда ва ба маҳаллаҳое рафтааст, ки дар муноқишаи марзӣ дар моҳи сентябр осеб дидаанд.

Султон Досалиев, сухангӯи раиси ҷумҳури Қирғизистон бо нашри чанд баёнияи расмӣ дар саҳифааш дар Фейсбук дар бораи ин сафар аз ҷумла навиштааст, ки Содир Ҷабборов ба маҳаллаҳои Достук, Оқсой, Қапчиғай дар ноҳияи Бодканд рафта ва бо ҷараёни барқарорсозии хонаву иншооте ошно шудааст, ки дар муноқиша бо неруҳои Тоҷикистон осеб диданд ва ё вайрон шуданд.

Дар рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар натиҷаи низоъ дар сарҳади ду кишвар дар вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон аз ду тараф бештар аз 100 нафар кушта шуданд. Ҳарду кишвар, ки садҳо километр марзи номуайян доранд, якдигарро ба таҷовуз ба қаламрави ҳамдигар муттаҳам карданд.

Дар баёнияҳои Султон Досалиев омадааст, ки Содир Ҷабборов ҳамчунин аз посгоҳи марзии “Достук” дар марз бо Тоҷикистон дидан кардааст, ки он низ дар ҷараёни муноқишаҳои марзӣ дар моҳи апрели соли 2021 ва моҳи сентябри имсол осеб дид.

Дар баёнияҳои сухангӯи раиси ҷумҳури Қирғизистон омадааст, ки Содир Ҷабборов ба суолҳои сокинон дар бораи масоили марзӣ посух дод, вале ҳеч ишорае ба музокироти марзӣ бо Тоҷикистон нашудааст.

Содир Ҷабборов моҳи ноябр гуфт, ки онҳо қасд доранд, масъалаи таъйину аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистон то охири имсол ҳал шавад. Ӯ ваъда дод, ки санадҳои лозимаро дар ин замина то охири моҳи декабр ба порлумони кишвараш пешниҳод мекунад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аввали моҳи декабр гуфт, ки ду кишвар барои нишонагузории 17,66 километри марз ба тавофуқ расидаанд. Вазорат ҳамчунин гуфт, ки нақшаи вохурии ҷонибҳо дар соли 2023 низ мувофиқа шудааст.

Бо гузашти се даҳсола аз истиқлоли ҳарду кишвар, аз 987 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 664 километри он таъйину аломатгузорӣ шудааст. Бақия ва бештар аз 300 километри дигар ҳануз бе аломату баҳсбарангез аст, аз ин рӯ байни сокинони ду тараф барои манобеи табиӣ ба мисли об, чарогоҳу замин ва роҳ муноқиша сар мезанад ва ба хунрезиҳои сахт ҳам печидааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG