Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, рӯзи 21-уми декабр ғайримунтазира ба Вашингтон рафт ва бо президент Ҷо Байден ёриҳои иқтисодиву низомии Амрикоро барои муқовимат ба таҷовузи Русия баррасӣ кард.
Ҷо Байден рӯзи чаҳоршанбе Зеленскийро дар Қасри Сафед ба ҳузур пазируфт ва чун паёме ба президенти Русия Владимир Путин таъкид кард, ки то чанде зарур бошад, Амрико бо Украина хоҳад буд.
“Ӯ (Путин) мехоҳад, зимистонро ба ҳайси силоҳ истифода барад. Самимона мегӯям, ки азми мардуми Украина на танҳо илҳомбахши мо, балки илҳомбахши тамоми олам аст. Манзури ман истодагарӣ ва талоши онҳо барои оянда аст,” – афзуд Байден.
Зеленский ба Байден миннатдорӣ иброз карда, ба ӯ як медали сарбози украинӣ - фармондеҳи батареяи Ҳаймарсро тақдим кард. Президенти Украина гуфт, “ӯ сарбози шуҷоъ аст. Гуфт, ки медали Салиби шарафи низомиро ба президенти шуҷоъ бидиҳед. Ман ҳам мехоҳам, онро ба Шумо диҳам.”
Дар ҷараёни аввалин сафари хориҷии Зеленский аз замони таҷовузи Русия, Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки ба Украина ба маблағи як миллиарду 850 миллион доллар ёриҳои иловагии амниятӣ, аз ҷумла системаи “Patriot” хоҳад дод.
Маскав ин иқдомро иғво номид. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи чаҳоршанбе таъкид кард, ки масъулияти ҷанги Украина ба дӯши Маскав нест: “Баръакс, ин натиҷаи сиёсати кишварҳои дигар аст. Кишварҳои сеюм, ки доимо мехостанд, олами русиро пароканда кунанд.”
Зеленский аснои хитоб ба аъзои ҳар ду маҷлиси Конгресс, ки феълан бастаи 45-милиарддолларии ёриҳои изтирориро ба Украинаиро арзёбӣ мекунанд, гуфт: “Пули Шумо кумаки хайрия нест. Ин сармоягузорӣ ба амнияти саросарӣ ва демократия буда, мо онро бомасъулият харҷ хоҳем кард.”
Агар бастаи ёриҳои изтирорӣ аз тарафи вакилони Конгресс тасдиқ шавад, миқдори умумии ёриҳои Амрико ба Украина ба 100 миллиард доллар баробар хоҳад шуд.
Дар як пурсиши мардумии Шӯрои Чикаго 65 дарсади иштирокдорон аз кумаки Амрико ба Украина пуштибонӣ кардаанд. Як гурӯҳи онҳо аз “кумак то замони зарурӣ” дастгирӣ карда, иддае дигар бар ин назаранд, ки дар баробари кумак Вашингтон бояд Украинаро ба ҳалли осоиштаи низоъ водор кунад.
Гуфтугӯ