Дар Тоҷикистон барои роҳ надодан ба сирояти дигарбораи СOVID-19 ба кишвар чораҳои беҳдоштиро тақвият додаанд. Бо дастури вазорати тандурустӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ афродеро, ки таби баланд ва ё сулфа доранд, сабтином ва марказҳои саломати маҳалли зисташонро огаҳ мекунанд.
Мақомот мегӯянд, ин тасмим ба дунболи бад шудани вазъи эпидемикӣ дар кишварҳои ҳамсоя ва хориҷи дур гирифта шудааст.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати амнияти беҳдоштии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рузи 2-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт:“Дар фурудгоҳҳо нафарони масъул ҳастанд, шабурӯз назорат, мекунанд. Ҳамчунин кормандони санитарӣ низ ҳаст. Имрӯз бар илова дастур додем, ки ҳароратсанҷиро низ шуруъ кунанд, чунки мавсими бемории зуком низ шурӯъ шудааст."
Ин тасмими мақомот дар ҳоле гирифта шудааст, ки дар хиёбонҳои Душанбе одамони ниқобдор бештар ба мушоҳида мерасанд. Яке аз онҳо, Суҳробҷон Саидов мегӯяд, зуком аст ва намехоҳад, дигаронро ҳам бемор кунад. Ин сокини пойтахт гуфт: «Нишонаҳои зуком ин аст ки оби бинӣ, кам кам нороҳатӣ, таби баланд. Беҳтар аст дар ҳар ҳолат қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунем».
Зуҳро Саъдуллоева, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳам ба он таъкид мекунад, ки гирифторони бемориҳои мавсимӣ аз ҷумла бемориҳои роҳҳои нафас бояд зери назорати табибон бошанд. Пизишкон ҳам афзоиши гирифторони бемории зукомро тасдиқ мекунанд. Аммо аз он нигаронӣ доранд, ки як сабаби афзоиши бемориҳои мавсимӣ фориғболии сокинон аст ки баъзан гирифторонро бештар мекунад.
Видеоро инҷо бубинед
Дилором Ятимова як табиби оилавӣ гуфт: «Дар вақти зуком истеъмоли доруи зиёд зарур нест. Ҳатман ба духтур муроҷиат кардан лозим аст, ба худтабобаткунӣ машғул нашаванд».
Се рӯз пеш раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз ниҳодҳои давлатӣ хост, ба пешгирӣ аз ҳамагирии СOVID-19 омода бошанд. Аз рӯ задани дубораи коронавирус дар Узбекистони ҳамсоя хабар мерасад. Дар Чин чораҳои эҳтиётӣ сабаби эътирозҳои густарда шуданд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз моҳи март ба ин сӯ ягон ҳолати гирифторӣ ба СOVID-19-ро сабт накардаанд, вале баъзе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтимоли баргаштани коронавирусро зикр кардаанд.
Дар ду соли охир дар Тоҷикистон беш аз 17 ҳазор кас ба бемории коронавирус гирифтор шуда, 124 кас ҷони худро аз даст додаанд. Баъзе аз сокинону мутахассисон омори воқеиро бештар аз ин медонанд.
Гуфтугӯ