Як сокини ноҳияи Восеъ солҳо боз саг парвариш ва ба сагонаш фармонбардориро таълим медиҳад.
Сагҳои Назар Шарбатови 68-сола, сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ мисли сагҳои низомӣ таълим мегиранд ва гоҳо ба кормандони ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб низ кӯмак мекунанд.
Ин мард омӯзиш додани сагро аз замони сарбозиаш дар артиши Шӯравӣ ёд гирифт. Ӯ соли 1975-77 дар сафи артиши Шӯравӣ дар Латвия ба парвариши сагҳои низомӣ (кинолог) машғул буд.
Саги дӯстдоштаи ӯ ҳоло Зек ном дорад, ки бо фармони соҳибаш амал мекунад. Ду сол пеш Зек барои ёфтани як ҷасад ба наҷотбахшон кӯмак кардааст.
Субҳон Усмониён, корманди идораи ҳолатҳои фақулода дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, як сокини маҳаллӣ ҳангоми гирифтани бачаҳои кафтар ба рӯяш кӯҳпора афтод. "Мо ду шабонарӯз кофтем, фақат ҳамин саги махсуси таълимёфта, саги бобои Назар, ҷасадро ёфт. Мо ба саг медали махсус додем, ба соҳибаш ифтихорнома.”
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Зек даҳумин сагест, ки дар чанд соли ахир Назар Шарбатов иҷрои фармонро ёд додааст.
Назар Шарбатов мегӯяд, сагҳои зоти англисӣ ва зоти олмониро бештар тарбия кардааст.
Зек, саги дӯстдоштаи ӯ, 12-сола шудааст. Дар ин сину сол саг пир ҳисоб мешавад. Назар Шарбатов мегӯяд, сагҳои хидматиро аз нӯҳсола боло ба “нафақа” гусел мекунанд.
Бобои Назар аз Зек насл гирифтааст ва қасд дорад, як фарзанди ӯро мисли ӯ таълим диҳад.
“Ман ҳамроҳи саг гап мезанам. Мегӯям биншин мешинад, бархез гӯям мехезад, чӣ коре фармон диҳам, онро ҳаминхел иҷро мекунад,”—гуфт ӯ.
Дар Тоҷикистон маъмулан танҳо дар Оҷонсиии мубориза бо маводи мухаддир, Хадамоти гумрук ва Идораи марзбонӣ сагҳоро чунин таълим медиҳанд.
Гуфтугӯ