Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барои мошинҳои борбару кӯдакон як роҳ аст". Роҳи хатарнок ба мактаб. ВИДЕО


Шоҳроҳе, ки кӯдакон тариқи он ба мактаб мераванд
Шоҳроҳе, ки кӯдакон тариқи он ба мактаб мераванд

Расидан ба мактаб ва бозгашт ба хона барои наврасони як маҳалла дар шаҳри Кӯлоб қариб баробар ба қаҳрамонӣ аст. Онҳо ҳар рӯз як роҳи пурхатарро, ки мошинҳои борбар тариқи он ба Бадахшон мераванд, убур мекунанд, то хатту савод омӯзанд.

Гап дар бораи як қитъаи шоҳроҳи байналмилалие меравад, ки мошинҳо тавассути ин масир аз Душанбе тариқи Бадахшон ба Чин мераванд. Як хатти ин роҳ аз дохили шаҳри Кӯлоб мегузарад ва ҳаракати пиёдагардон дар он хатарнок аст. Аммо сокинони маҳаллаи Фирдавсии Кӯлоб ва гирду атрофи он маҷбуранд аз ин масир ба дарсу кор раванд.

Ин роҳ се сол пеш сохта шудааст, вале ба гуфтаи сокинон ба талаботи роҳсозӣ аслан ҷавобгӯ нест. Дар як қисматаш барои пиёдагардон роҳ пешбинӣ шудааст. Дар қисматҳои дигар барои одамону мошинҳо як роҳ аст.

Роҳи хатарноки кӯдакон ба мактаби маҳаллаи Фирдавсии Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Ба далели набуди роҳ ва аз тарси ба садама дучор шудани кӯдакон, бархе аз модарон фарзандонашонро аз дигар роҳ ба мактаб мерасонад. “Чӣ кор кунем? ба кадом роҳ рафта биёем? Мошин ва техника бошад меравем, набошад чӣ кор мекунем. Мо ҳам мехоҳем, ки кӯдаконамон бо роҳи бехатар раванд, ҳоло ман фарзандонамро ба як роҳи дигар мебарам. Аз ин роҳ метарсам. Кӯдаки синфи як дорам”- гуфт, як сокини маҳаллаи Фирдавсии Кӯлоб.

Чароғҳои роҳи баналмилалӣ шабона кор намекардааст. Идораи шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб корношоям будани чароғҳоро тасдиқ кард. Масъулин мегӯянд, роҳҳои шаҳрро бо тадриҷ обод хоҳанд кард. Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори Кӯлоб гуфт: “Ҳамчунин мо иқдом гирифтем, ки дар шаҳри Кӯлоб соли роҳҳои обод эълон кунем. ”

Шоҳроҳе, ки ба Бадахшон мебарад, аз назди мактаби рақами 53-и шаҳр ҷудо мешавад. Як қисмати роҳро як сол пеш ширкати чинӣ бозсозӣ карда буд. Сокинон қитъаи роҳи байналмилалиро, ки аз тариқи маҳаллаи Фирдавсии Кӯлоб мегузарад хатарноктарин роҳ медонанд. Онҳо мегӯянд, чанд сол боз аз набуди роҳи пиёдагард азият мекашанд ва ҳар рӯз бо нигаронӣ фарзандонро ба мактаб гусел кардаву пешвоз мегиранд. Ба гуфтаи онҳо қаблан дар ин роҳ садамаҳои маргбор рух дода буд.

Набуди роҳи наздик ва ё мувофиқ ба мактаб ҳамоно яке аз мушкилоти аслии хонандаҳо дар бисёре аз минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон аст. Дар бархе кӯдакон маҷбуранд бо тай кардани масофаҳои зиёд ба мактаб раванд, дар бархеи дигар онҳо бояд аз шоҳроҳҳои хатарнок гузаранд. Дурӣ ва номувофиқу хатарнок будани роҳу нигаронии волидон сабаб мешавад, то бархе аз хонандаҳо дар деҳот, махсусан духтарон, баъд аз синфи 9 таҳсилро идома надиҳанд.

Мақомот мегӯянд, ҳоло вазъи дастрасӣ ба мактабу роҳи хонандаҳо беҳтар шудааст. Дар гузашта, масъулини маориф гуфта буданд, ба далели афзоиши босуръати аҳолӣ, таъмини пурраи хонандаҳо бо мактаб душвор мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG