Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон таҷлили идҳоро дар марз бо Тоҷикистон манъ кард


Шаҳри Бодканд
Шаҳри Бодканд

Дар шаҳри Бодканди Қирғизистон, ҳаммарз бо Тоҷикистон, баргузории чорабиниҳои идонаро то 31-уми декабри соли 2023 манъ кардаанд.

Хадамоти матбуотии ҳукумати Бодканд тасмимро ба даргирии мусаллаҳонаи охир дар сарҳади Қирғизистон бо Тоҷикистон рабт дод.

Дар баёнияи расми омадааст: “Қарор ба ҷашнҳои Соли нав, Рӯзи байнулмилалии бонувон, Рӯзи ғалаба, Рӯзи истиқлол, Занги охир ва Рӯзи байнулмилалии ҳимоят аз кӯдакон рабт дорад.”

“Мақомоти маҳаллӣ рӯзҳои наздик корҳои фаҳмондадиҳиро шуруъ мекунанд," – гуфта шудааст дар хабари шаҳрдорӣ.

Қарор 22-уми ноябри имсол ба иҷро даромад.

Рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низоъ бархост. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи кушта шудани беш аз панҷоҳ нафар гузориш доданд. Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои манобеи худ рӯйхати 83 кушташударо тартиб дод.

Ҷониби Қирғизистон аз 63 кушта ва бештар аз 200 захмӣ гуфт.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба сар задани низоъ ва таҷовузи мусаллаҳона муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG