Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷи дигари коронавирус. "Маҳдудият нест, санҷиш сахттар шудааст" ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон дар робита бо мавҷи дигари коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя, санҷиши гувоҳномаи эм ва ҳарорати мусофиронро дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ сахттар кардаанд. Ҳамзамон мегӯянд, дар марзҳои Тоҷикистон маҳдудияте ҷорӣ нашудааст.

Муродалӣ Меликов, як масъули Хадамоти назорати давлатии санитарӣ, рӯзи 8-уми июл гуфт, бо вуҷуди онки то ҳол ягон мавриди нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт нашудааст, назорат дар гузаргоҳҳои марзӣ доимӣ аст.

"Дар ҳолати зиёд шудани коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя, албатта, аз тарафи Вазорати тандурустӣ барои пешгирии он чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Ҳамон тавр ки замони хуруҷи беморӣ чунин тадбирҳо сахт шуда буд," -- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Омори ташвишовар аз Қазоқистон

Дар ҳафтаҳои охир сирояти коронавируси нав дар кишварҳои наздик ба Тоҷикистон дубора авҷ гирифтааст. Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон аз ошкор шудани гирифторон хабар доданд.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, дар Алмато 23 бемористони ковидӣ бо ҳафт ҳазор бистар омода карда шуд. Дар ин кишвар то 7-уми июл танҳо дар шаҳри Алмато 239 ҳазору 841 мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, 87 бемор дар шифохона ҳастанд. Ду нафар ҳам дар шуъбаи эҳё.

Меҳрулло Камолзода, сокини Душанбе, рӯзҳои наздик ба Русия рафтанист. Ӯ барои санҷиши COVID-19 ба озмоишгоҳ рафтааст. Мегӯяд, аз онки дар бораи паҳн шудани коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя огоҳӣ дорад, мехоҳад, бидуни таваккал сафар кунад.

Пизишк Руқиямоҳ Ғуломова мегӯяд, “айни замон муроҷиати беморон ба мо бениҳоят кам аст. Рӯз то рӯз шумораи онҳое, ки ташхис месупоранд, коҳиш ёфтааст. Вақти хуруҷи бемории коронавирус дар мо танаффус набуд, дар се баст кор мекардем. Ҳоло дар як баст кор мекунем.”

Дар Тоҷикистон чораҳои пешгирӣ аз COVID сахттар шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Бемории 17 ҳазор кас, марги 124 нафар

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бори охир 18-уми феврали имсол дар бораи се мавриди сирояти COVID-19 хабар дода буд. Бино бар омори расмӣ, дар ду соли пандемия дар кишвар зиёда аз 17 ҳазор кас ба коронавирус мубтало шуда, 124 нафар ҷон доданд. Ин омор ҳамеша зери шубҳа буда, талафот ба маротиб бештар баровард мешавад.

Дар Тоҷикистон аввали моҳи марти имсол реҷаи ҳатмии ниқоб ва маҳдудият дар гузаронидани тӯю маъракаҳои дигарро бекор карда, роҳҳо ба кишварҳои дигар кушоданд. Дар айни замон ба вазорату идораҳо супориш додаанд, ки "чораҳои зидди бемориро идома диҳанд", зеро пандемия пурра аз байн нарафтааст.

Тоҷикистон охири моҳи апрели соли 2020 мавҷудияти коронавирусро дар кишвар эътироф кард. Ҳарчанд то он вақт ҳолатҳои марги шубҳаовар зиёд расонаӣ мешуд, мақомот аксари онҳоро ба "пневмония" ё илтиҳоби шуш рабт медоданд.

Ба маълумоти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, то 5-уми июл шумори беморони COVID-19 дар дунё аз 550 миллион нафар гузаштааст. Аз оғози паҳншавии вирус дар ҷаҳон аз оқибатҳои сирояти он зиёда аз 6 миллион кас фавтиданд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бештар аз 5 миллион сокини кишвар эми зидди COVID-19 гирифтанд.

XS
SM
MD
LG