Бошгоҳи “Истиқлол” пас аз бозии даври 22-юми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бо тими “Хуҷанд”, ки рӯзи чоршанбеи 23-юми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилои мусобиқот мукофотонида шуд.
Зимнан, «Истиқлол» бори ёздаҳум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт. Аз ин пеш «Истиқлол» солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020 ва 2021 бо Ҷоми қаҳрамонӣ сарфароз шуда буд.
Бозӣ миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд», ки рӯзи чоршанбеи 23-юми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо ҳисоби 2:0 ба нафъи қаҳрамони Тоҷикистон хотима ёфт.
Ҳарду гол дар ибтидои нимаи дуюми бозӣ зада шуд. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 49-ум ҳисобро кушод. Баъди як дақиқа голи дуюмро Шервонӣ Мабатшоев ба самар расонд.
Дар бозии дигари даври 22-юм рӯзи 23-юми ноябр дастаи “Хатлон”-и Бохтар дар майдони худ тими «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Ду голи мизбононро (голи дуюм аз пеналти) Нуриддин Ҳамроқулов дар нимаи аввали дидор ва як голи дигарро Тоҳирҷон Тағойзода дар оғози қисми дуюм заданд.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот «Истиқлол» бо касби 45 имтиёз дар ҷойи аввал аст. «Равшан»-и Кӯлоб бо касби 35 имтиёз дар ҷойи дувум, “Хатлон”-и Бохтар бо касби 34 дар зинаи сеюм ҷойгир шудаанд.
Сарфи назар аз натоиҷи бозиҳои охирин «Равшан»-и Кӯлоб барои худ мақомҳои ифтихории мусобиқотро кафолат дод ва дар ҳар сурат дигар аз зинаи сеюм поён намефарояд. Дар сурати мусовӣ ё пирӯзии «Хатлон» дар бозии даври охирин бо дастаи «Хуҷанд», бошгоҳи шаҳри Бохтар мақоми дуюмро мегирад ва «Равшан» соҳиби медалҳои биринҷӣ мегардад. Дар сурати пирӯзии «Хуҷанд» бар «Хатлон», «Равшан»-и Кӯлоб барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 ва «Хуҷанд» соҳиби медалҳои биринҷӣ мешаванд.
Ду бошгоҳи вилояти Суғд - «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Равшан»-и Зафаробод, ки аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022 дар гурӯҳи «Б» ҷойҳои охирро гирифтанд, мавқеашонро дар лигаи олӣ нигоҳ дошта натавонистанд ва соли оянда дар лигаи якум бозӣ хоҳанд кард.
Дар даври охирини мусобиқот дар гурӯҳи «Б» дастаи "Истаравшан" дар меҳмонӣ бозиро ба "Регар-ТадАЗ" бо ҳисоби 0:2 бохт. Ҳарду даста 25-имтиёзӣ гирифтанд, аммо аз рӯи натоиҷи бозиҳо миёни ҳарду "Регар-ТадАЗ" бартарӣ дорад (2 ғалаба, 1 бохт). Бинобар ин, футболбозони шаҳри Турсунзода, ки ҷойи ҳаштумро соҳиб шуданд, мавқеашонро дар лигаи олӣ нигоҳ доштанд.
«Истаравшан», ки ҷойи нӯҳумро ишғол кард, соли оянда дар лигаи аввал бозӣ мекунад. Бояд гуфт, ки бозӣ миёни «Регар-ТадАЗ» ва «Истаравшан»-ро гурӯҳи доварон аз Узбекистон бо роҳбарии Илгиз Танташев ҳакамӣ карданд.
«Равшан»-и Зафаробод бошад, дар бозии даври охирини мусобиқот дар гурӯҳи «Б» аз дастаи меҳмон – «Файзканд»-и Восеъ – бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд. Зафарободиҳо, ки бо касби 20 имтиёз дар зинаи даҳум ва охирини ҷадвали мусобиқот ҷойгир шуданд, лигаи олиро тарк мекунанд.
Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022
Лигаи олӣ
Гурӯҳи «А». Даври 22-юм
«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 2:0
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 49 (1:0). Шервонӣ Мабатшоев, 50 (2:0).
Аз майдон хориҷ шуд: Сергей Гаранжа («Худҷанд»), 28 – барои дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ.
Беҳтарин бозигари дидор: Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»).
23 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.
«Хатлон» – «Равшан» (Кӯлоб) – 3:0
Голҳо: Нуриддин Ҳамроқулов, 36 (1:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 40 – аз пеналти (2:0). Тоҳирҷон Тағойзода, 55 (3:0).
Беҳтарин бозигари дидор: Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).
23 ноябр. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 800 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «А»
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
21 |
13 |
6 |
2 |
41-12 |
45 |
2 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
22 |
9 |
8 |
5 |
26-23 |
35 |
3 |
«Хатлон» (Бохтар) |
21 |
9 |
7 |
5 |
23-15 |
34 |
4 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
21 |
8 |
7 |
6 |
27-18 |
31 |
5 |
КМВА (Душанбе) |
21 |
7 |
4 |
10 |
25-33 |
25 |
Даври 23-юм. Гурӯҳи «Б»
«Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан» – 2:0
Голҳо: Анвар Муродов, 42 (1:0). Ҷасур Қурбонов, 87 (2:0).
Беҳтарин бозигари дидор: Шерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ»).
Сардовар: Илгиз Танташев (Узбекистон).
20 ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.
«Равшан» (Зафаробод) – «Файзканд» – 1:4
Голҳо: Алӣ Фаёз уғлӣ Нури Зангир, 5 (0:1). Шавкати Ҳотам, 10 (0:2). Шавкати Ҳотам, 30 (0:3). Шавкати Ҳотам, 88 (0:4). Умед Одинаев, 90 (1:4).
Беҳтарин бозигари дидор: Шавкати Ҳотам («Файзканд»).
20 ноябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 1000 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «Б»
6 |
Файзканд» (Восеъ) |
22 |
8 |
4 |
10 |
25-34 |
28 |
7 |
«Эсхата» (Хуҷанд) |
22 |
7 |
6 |
9 |
29-32 |
27 |
8 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
22 |
7 |
4 |
11 |
23-26 |
25 |
9 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
22 |
7 |
4 |
11 |
26-27 |
25 |
10 |
«Равшан» (Зафаробод) |
22 |
4 |
8 |
10 |
21-46 |
20 |
Гуфтугӯ