Театри лӯхтаки Бухоро пас аз ду соли интизорӣ ба Тоҷикистон омад, то намоишномаҳояшро ба мухлисони хурдсол нишон бидиҳад.
Алёна Вардашева, яке аз ҳунарпешаҳои театр, гуфт, тасмими сафар соли 2020 гирифта шуда буд, аммо бемории коронавирус монеъ шуд.
"Имсол чунин шароит фаро расид. Аз дидани Душанбе ва муносибати мухлисон хушҳолем," – гуфт ӯ рӯзи 22-юми ноябр.
Намоишномае, ки аз Бухоро ба Душанбе оварданд, "Табиби хасакӣ" ном дорад ва ба қавли Алёна Вардашева, ба кӯдакон парҳезро аз дурӯғгӯӣ нишон медиҳад.
Намоишнома достони мардест, ки худро бардурӯғ табиб муаррифӣ карда, вале илоҷи дарди маликаро намеёбаду розаш ошкор мешавад.
Парвин Юсуфӣ, овозхони тоҷик, намоишномаро дидааст. Ӯ гуфт, "бо ҷиянҳоям омадам. Кӯдакон аз саҳна чашм намеканданд. Ин намоишнома маҳз барои кӯдакон аст. Умед дорам, дар оянда сафари чунин театрҳо ба Тоҷикистон бештар мешавад."
Намоишнома рӯзе се бор, ду дафъа бо забони русӣ ва як бор бо забони тоҷикӣ, пешкаш шуд. Зулола Қаршиева, ҳунарпешаи театр, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, намоишномаро барои сафари ҳунарӣ ба Душанбе ба забони тоҷикӣ ҳам омода кардаанд.
"Азбаски ба ҳама вилоятҳои Узбекистон сафар мекунем, намоишномаҳо асосан ба забони узбекӣ таҳия мешаванд. Дар рустоҳои тоҷикнишин намоишномаҳоро ба забони тоҷикӣ нишон медиҳем," – нақл кард ӯ.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Театри лӯхтаки Бухоро дувумин театри Узбекистон аст, ки имсол дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад. Пеш аз он ва дар моҳи март, Театри лӯхтаки Фарғона намоишномаҳои худро ба Душанбе оварда буд.
Сафари ҳунарпешагони ҳамсоякишварро аломати тақвияти муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон медонанд. Тобистони имсол театри лӯхтаки Душанбе ба Фарғона рафт ва моҳи марти соли оянда дар Бухоро ҳунарнамоӣ мекунад.
Муносибатҳои фарҳангиву иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистону Узбекистон, ки ҳоло аз шарикони наздик дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд, баъди соли 2016 рӯ ба беҳбудӣ овард ва мустаҳкам шуд.
То он сол ва дар аҳди раиси ҷумҳури собиқ Ислом Каримов ду тараф муносиботи тираву сарде доштанд ва сафарҳои ҳунарии ҳунарпешагони тоҷику узбек ба қаламрави кишварҳои якдигар ҳам имконнопазир буд.
Гуфтугӯ