Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико гуфт, ҳавопаймоҳоро на ба Толибон, балки ба Тоҷикистон медиҳад


Ҳавопаймову чархболҳоро халабонҳои афғон ба Тоҷикистону Узбекистон оварданд.
Ҳавопаймову чархболҳоро халабонҳои афғон ба Тоҷикистону Узбекистон оварданд.

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, мумкин аст, чанд ҳавопаймо ва чархболҳои низомиеро, ки халабонҳои афғон аз тарси Толибон ба Тоҷикистон оварданд, ба неруҳои кишвар бидиҳанд.

Дар ин бора як фармондеҳи олирутбаи Амрико дар шаҳри Душанбе хабар дод. Халабонҳои афғон, ки Амрико онҳоро дарси парвоз омӯхта буд, моҳи августи соли гузашта бо фирор аз кишварашон чандин ҳавопаймо ва чархболҳои низомии Афғонистонро ба Тоҷикистону Узбекистон оварданд.

Толибон аз ҳукуматҳои ҳарду кишвар талаб кардаанд, ки ҳавопаймоҳоро баргардонад. Майкл Курилла фармондеҳи Ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи Амрико, ки ҳафтаи гузашта дар Душанбе буд, дар посух ба суолҳои хабарнигорон аз ҷумла Радиои Озодӣ гуфт:Мо аз неруҳои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузорем, ки ҳавопаймоҳои нирӯҳои ҳавоии Афғонистонро, нигоҳубин мекунанд. Бо ин ки Толибон чандин бор таҳдид ва талаб карданд, ки ин ҳавопаймоҳо баргардонида шаванд, онҳо аз Тоҷикистон ба Афғонистон бурда намешаванд, чунки онҳо моли Толибон нестанд.”

Ӯ афзудааст, ки Амрико дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон роҳи беҳтари истифодаи ин ҳавопаймоҳоро андеша дорад. Дар посухҳои катбии Майкл Курилла омадааст: "Як умеди мо ин аст, ки ҳама, ё қисме аз ин ҳавопаймоҳо ба ҳукумати Тоҷикистон дода шаванд. Ман намедонам, ки ин кор кай сурат мегирад, вале мо дар ин самт кор мекунем."

Баъди тарки Афғонистон кардани неруҳои Амрико ва ҳампаймонҳояш дар моҳи август, Толибон дигарбора ба қудрат баргаштанд. Амрико дар ин моҳ ба ҷанги 20-сола, ки баъди чанд ҳафтаи ҳамлаҳои террористии рӯзи 11-уми сентябри соли 2001 дар Иёлоти Муттаҳида оғоз кард, поён дод. Ҳадафи ин ҷанг шикор ва маҳви раҳбарони Ал-Қоида омилони ҳамлаҳои террористӣ ва ҷазо додан ба мизбони онҳо Толибон буд.

Аммо бо бозгашти Толибон ба қудрат, теъдоди зиёде аз мардум аз тарси Толибон, ки солҳои 1996 то 2001 Афғонистонро бо қоидаҳои иртиҷоӣ ва қонунҳои сахтгиронаи шариат ҳукмронӣ мекарданд, аз ватанашон гурехтанд. Халабонҳои афғон, ки ба Тоҷикистон омада буданд, баъд аз муддате барои интиқол ба Амрико ба кишвари саввум бурда шуданд.

XS
SM
MD
LG