Кумисюни марказии интихоботии Қазоқистон рӯзи 22-юми ноябр натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентиро эълон кард. Нозирони ғарбӣ интихоботро бидуни рақобат номиданд.
Раиси Кумисюни марказии интихоботии Қазоқистон Нурлан Абдиров гуфт, маросими савгандёдкунии Қосимҷомарт Тоқаев барои муҳлати дувуми президентӣ рӯзи 26-уми ноябр сурат мегирад.
Интихоботи пеш аз муҳлати Қазоқистон рӯзи 20-уми ноябр баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, Қосимҷомарт Тоқаев 81,3 дарсад раъйи беш аз 8 миллион интихобкунандаро ба даст овардааст.
Мунтақидон мегӯянд, панҷ номзади дигар, ки ба интихобот роҳ дода шуда буданд, ба хотири нишон додани рақобат буд: ҳар кадоми онҳо 2-3 дарсади раъй гирифтанд. Сутуни "Зидди ҳама", ба иттилои Кумисюни интихоботӣ, 5,8 дарсад раъй овардааст.
Маъмурияти Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА гуфт, интихобот "бидуни рақобат" ва гуногунандешии воқеӣ баргузор шуд. Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ба ин хулосаи нозирон вокуниши сахт кардааст.
Дар остонаи интихобот даҳҳо фаъоли шаҳрвандии Қазоқистон боздошт ва ҳабси маъмурӣ шуданд.
Гуфтугӯ