Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг


Бахтиёр Раҳимов, вазнбардори тоҷик.
Бахтиёр Раҳимов, вазнбардори тоҷик.

Бахтиёр Раҳимов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг ё сеҳарбаи қудратӣ, ки дар шаҳри Орландои иёлати Флоридаи ИМА баргузор шуд, ду медал - 1 нишони тилло ва 1 нуқра - ба даст овард.

Ба иттилои Федератсияи бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон, ин мусобиқаро Созмони ҷаҳонии пауэрлифтинг (WPC) баргузор кард.

Бахтиёр Раҳимов дар рақобатҳо оид ба пауэрлифтинг дар вазни 105 кило дар сеҳарба бо натиҷаи умумии 620 кило (220 + 150 + 250 кило) барандаи медали тилло гардид. Ӯ дар навъи рост истода бардоштани вазн бо натиҷаи 250 кило медали нуқра гирифт.

Бахтиёр Раҳимов, ки шогирди вазнабардори маъруфи тоҷик Толеъ Холназаров мебошад, ягона варзишгар аз Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буд.

Зимнан, Толеъ Холназаров, ки яке аз поягузорони пауэрлифтинг ё сеҳарбаи қудратӣ дар Тоҷикистон аст, аз хушномтарин варзишгарони тоҷик дар ин ришта ба ҳисоб меравад. Ӯ соли 2006 дар пауэрлифтинг байни варзишгарони ҳирфаӣ унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст оварда буд, вале баъди лат хӯрданаш дар соли 2010 аз ширкат дар мусобиқот канор рафт ва мураббӣ шуд.

Федератсияи бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон дар соли 2003 бо ибтикори Толеъ Холназаров таъсис ёфта, раиси ин федератсия ҳам худи ӯ буд.

Толеъ Холназаров даҳ соли ахир тибқи қарордод бо Кумитаи паралимпии Имороти Муттаҳидаи Араб ба ҳайси мураббӣ дастаи мунтахаби ин кишварро тамрин медод ва ба мусобиқоти байналмилалӣ омода мекард.

Толеъ Холназарови 47-сола, ки баъди бозгашт аз Имоморти Муттаҳидаи Араб, моҳи апрели имсол раиси Федератсияи бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон интихоб гардид, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “барои рушди бодибилдинг ва пауэрлифтинг дар кишвар бояд корҳои зиёде анҷом дода шавад. Вазифаи асосии мо дар ҳамин ҳол ҷалби сарпарастон барои дастгирии варзишгароне мебошад, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG