Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси пешини Додгоҳи Хуҷандро ба 2 соли зиндон маҳкум кардаанд


Ҳомидҷон Муҳаммадзода, додраси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд
Ҳомидҷон Муҳаммадзода, додраси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд

Додгоҳи олии Тоҷикистон раиси собиқи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Ҳомидҷон Муҳаммадзодаро бо гуноҳи гирифтани ришва ба 2 соли зиндон маҳкум кардааст. Ин дар ҳолест, ки банди мазкури Кодекси ҷиноӣ, яъне 319, қисми 3, аз панҷ то даҳ соли ҳабсро пешбинӣ мекунад. Сабаб ба муҳлати камтар аз тақозои қонун зиндонӣ шудани судяи собиқ рушан нест.

Мурофиа бе эълони пешакӣ, рӯзи ҷумъаи 11-уми ноябр баргузор шуда, ҳалнома танҳо рӯзи 16-уми ноябр дастраси Радиои Озодӣ шуд. Ҳомидҷон Муҳаммадзода, ки аз соли 2021 раиси суди шаҳри Хуҷанд буд, дар моҳи апрели имсол бенишон шуд, вале ниҳодҳои давлатӣ дар борааш иттилое намедоданд.

Манбаъҳои Радиои Озодӣ аз боздошти ӯ ва як зердасташ ҳангоми гирифтани ришва хабар медоданд. Танҳо дар моҳи июл раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён дар нишасти хабарӣ гуфт, Муҳаммадзода ва зердасташ Рустам Муҳаммадсаидзода ба гирифтани 2500 доллар пора гумонбар дониста шудаанд.

Насриддин Низомзода, як масъули Оҷонси зидди коррупсия, рӯзи 18-уми июл гуфт, “онҳо тавассути миёнарав барои ҳалли парвандае, ки дар баррасии Рустам Муҳаммадсаидзода буд, 4000 доллари амрикоӣ гирифтаанд ва дастгир шудаанд.”

Дар муҳокимаи рӯзи 11-уми ноябр дар Додгоҳи олии Тоҷикистон, Рустам Муҳаммадсаидзода 2 сол аз озодӣ маҳрум гаштааст. То ин дам назари пайвандон ва ё вакилони мудофеи онҳо дастрас нест.

Ҳомидҷон Муҳаммадзода давраи аввал аз соли 1996 то 2000 раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд таъин шуд. Дар гузашта дар мақомҳои раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, раиси Додгоҳи вилояти Суғд, раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ноҳияи Спитамен кор кардааст. Судяи тахассуси дараҷаи якум буда, бо ордени "Шараф" мукофотонида шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо як фармон 15 додрас, аз ҷумла Муҳаммадзодаро аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаронида буд. Дар фармони раиси ҷумҳур аз рӯзи 19-уми август, ки дар сомонаи расмии президент нашр шуд, номи 15 додрас ва ё судяе ҳаст, ки аксарият ба мақомҳои баландтар таъйин шудаанд.

Таъйину барканории додрасҳо бо фармони президент амалӣ мешавад. Кумисюни байнулмилалии ҳуқуқшиносон моҳи декабри соли 2020 ин нуктаро танқид карда, гуфта буд, ки "додрасҳо дар Тоҷикистон мустақил ва беғаразона ҳукм содир намекунанд". Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки додгоҳҳо мустақиланд. Кумисюн кам будани маоши додрасҳоро аз нуктаҳои сусти низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон ном бурда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG