Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти "Формати Маскав" дар бораи Афғонистон бе ҳузури Толибон доир мешавад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Интизор меравад, ки имруз, чоршанбеи 16-уми ноябр нишасте зери унвони "Формати Маскав" дар мавриди Афғонистон баргузор шавад. Намояндагони ҳукумати Толибон ба ин нишаст даъват нашудаанд.

Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон чанд рӯз қабл ба хабаргузории русии ТАСС гуфта буд, ки ба ин нишаст мақомҳои Толибон даъват нашудаанд. Ӯ сабаби даъват нашудани намояндагони ҳукумати Толибонро шарҳ надод.

Ҳукумати Толибон гуфтааст, ки даъват нашудани онҳо ба робитаҳои дуҷониба бо Русия таъсири манфӣ мегузорад ва нишаст нокомил хоҳад буд.

Дар нишасти порсоли "Формати Маскав" ба мизбонии Русия, намояндаҳои Толибон иштирок карда буданд.

Дар нишасти рӯзи чаҳоршанбе намояндаҳои Тоҷикистон, Чин, Узбекистон, Туркманистон, Эрон, Покистон, Ҳинд, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия ҳузур хоҳанд дошт. Ҳеҷ яке аз ин кишварҳо ҳукумати Толибонро ба расмият нашнохтаанд.

XS
SM
MD
LG