Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби ду сенатори амрикоӣ аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон


Боб Менедез
Боб Менедез

Ду сенатори амрикоӣ аз афзоиши таъқибу хушунат алайҳи хабарнигорон ва нокомии ҳукумат барои ҳифзи озодии баён дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаанд. Дар ним соли охир дар Тоҷикистон ҳафт хабарнигору блогер дастгир ва чаҳор нафар зиндонӣ шуданд. Қисме аз кормандони Радиои Озодӣ солҳо боз аз парвонаи кор маҳруманд.

Ҷим Риш, сенатори баландпоя ва Боб Менендез, раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии Сенат, дар номае ба президенти Тоҷикистон аз ҳабси, ба гуфтаашон, худсаронаи хабарнигорон ва таъқиби кормандони Радиои Озодӣ шикоят кардаанд.

Онҳо рӯзи 2-юми ноябр навиштаанд: "Шиддат гирифтани саркӯбҳои охир алайҳи рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақил, бахусус ҳамкорони бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, боиси нигаронии амиқи мо шуд."

Сенаторони амрикӣ дар идома мегӯянд, "ҳабси худсарона, таъқиб бо ангезаҳои сиёсӣ ва таъқиби хушунатомези кормандони Радиои Озодӣ ғайри қобили қабул аст." Ва онҳо афзудаанд: "Ин вазъ ба халалдор шудани пешравие, ки кишварҳои мо барои равобити наздиктар ва судманд ба даст овардаанд, таҳдид мекунад."

Ҷим Риш
Ҷим Риш

Дар номаи Ҷим Риш ва Боб Менендез ба Эмомалӣ Раҳмон хоста шудааст, ҳукумати Тоҷикистон ҳама гуна хушунату таҳдидро ба зидди журналистон бас кунад. "Мехоҳем, рӯзноманигоронеро, ки беасос дастгир шудаанд, озод кунед ва иттиҳомҳои зидди онҳоро бекор намоед. Дастрасияшонро ба вакилони мудофеъ ва имкони иртиботро бо оилаҳояшон таъмин кунед," – гуфта шудааст дар нома.

Сенаторони амрикоӣ ёдрас шудаанд, ки соли 2019 низ дар пайванд ба “аккредитатсия” ё парвонаи кори хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон ба раиси ҷумҳур нома фиристода буданд. "Интизори посухи фаврӣ ҳастем," – афзудаанд онҳо.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз эълон накардааст, ки оё номаи сенаторони амрикоиро гирифта ё не ва посухаш чӣ хоҳад буд.

Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон ва Гузоришгарони Бидуни Марз, тайи моҳҳои охир ҳукумати Тоҷикистонро ба саркӯби хабарнигорон танқид карданд. Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо хоҳони озодии рӯзноманигорон шуд.

Дар ним сол ҳафт хабарнигор ва блогери тоҷик дастгир ва чаҳор нафари онҳо аз 7 то 10 сол зиндонӣ шуданд. Онҳо дар Ютуб мушкили сокинонро бозтоб дода, мақомотро барои камбудҳояшон танқид мекарданд.

Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон хабарнигоронро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ, аз ҷумла ҲНИТ ва “Гуруҳи 24”, муттаҳам донистанд. Мурофиа паси дарҳои баста гузашт, биноан, тафсилот дастрас нест.

Хабарнигорон ва наздиконашон иттиҳомро сохта медонанд. Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, яке аз хабарнигорони дастгиршуда дар номае аз боздоштгоҳ моҳи октябр гуфт, зери фишору шиканҷа ва таҳдид ба хонаводааш маҷбур шуд, гуноҳро ба дӯш бигирад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG