Додгоҳи шаҳри Душанбе Ораз Вазирбеков, яке дигар аз фаъолони мадании зодаи Бадахшонро ба 16 соли зиндон маҳкум кардааст. Яке аз пайвандони ӯ рӯзи 6-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муҳокима рӯзи 5-уми ноябр бидуни ҳузури хешовандон сурат гирифтааст ва додрас ҳам ҳукмро эълон кардааст.
Муфаттишон Ораз Вазирбековро аз ҷумла ба ифротгароӣ ва даъват ба сарнагунии ҳукумати қонунӣ аз тариқи Интернет муттаҳам мекарданд. Ба гуфтаи пайвандонаш, ӯро ҳамчунин ба он гунаҳкор кардаанд, ки қисме аз пулҳои хайрияеро, ки бояд ба дигарон мерасонд ва ё тақсим мекард, аз они худ кардааст.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ аз ҳалқаи хешовандони Вазирбеков дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:"Ораз худро бегуноҳ медонад ва мехост, парвандааш одилона таҳқиқу муҳокима шавад, вале мақомоти тафтишотӣ ба ин аҳамият намедоданд."
Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, онҳо ҳоло тасмим нагирифтаанд, аз ҳукм ба додгоҳи болоӣ шикоят баранд ва ё не. Ораз Вазирбеков ва фаъоли дигари бадахшонӣ Рамзӣ Вазирбеков, ки дар Маскав зиндагӣ мекарданд, бо назарҳои танқидияшон дар бораи ҳукумат ва мақомоти Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинохта буданд.
Пайвандони Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо дар ин муддат борҳо дар бораи қонуншиканиҳо зимни тафтишот суҳбат кардаанд. Онҳо мегӯянд, барои ҳимояи ҳарду ба вакилони мудофеъ дар Душанбе муроҷиат кардаанд, вале ин вакилон баъди шиносоӣ бо парванда ва рабт доштани он ба нооромиҳои Бадахашон нахостаанд, аз ҳаққи онҳо дар додгоҳ ҳимоят кунанд. Мақомот барои онҳо адвокат таъйин кардааст, вале ба қавли хешовандони Вазирбековҳо бо онҳо суҳбат намекунад.
Сабрина Отамбекова, ҳамсари Ораз Вазирбеков дар гузашта гуфтааст, ки баъди ба Душанбе овардан аз Русия ҳеч дараке аз онҳо надоранд ва ба боздоштгоҳ танҳо ғизову либос мебаранду тамом. Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон ин қазияву парвандаҳои дигари нооромиҳои Бадахшонро шарҳ намедиҳанд ва гоҳо пас аз ҳукми додгоҳ бо нашри хабари кутоҳе иктифо мекунанд.
Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо рӯзи 29-уми июли соли 2022 дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав нопадид шуданд. Як рӯз пас онҳо дар навори видеоие, ки дар саҳифаҳои наздик ба мақомот дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, мегуфтанд, ба ватан баргаштаанд, то ба суолҳои мақомот дар бораи нооромиҳои Бадахшон посух диҳанд. Сабрина Отамбекова, ҳамсари Ораз Вазирбеков гуфтааст, ки шавҳараш ихтиёрӣ ба Тоҷикистон нарафтааст ва навор саҳнасозӣ аст.
Пас аз тазоҳурот ва нооромиҳои моҳи майи имсол дар Бадахшон, ки бо марги даҳҳо нафар анҷомид, мақомоти интизомии Тоҷикистон садҳо нафар, аз ҷумла даҳҳо фаъоли мадании бадахшониро ба иттиҳоми барангехтани нооромиҳо дастгир ва баъзеро ба солҳои дароз зиндонӣ карданд. Боздоштшудаҳо ва наздиконашон мегӯянд, гуноҳе накардаанд ва иттиҳомот беасос аст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои ингуна амалкардҳо сахт танқид кардаанд. Аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ба муҳокимаҳои «ноодилонаи сокинони Бадахшон поён дода, боздоштҳои ғайриқонунии онҳоро бас кунад.
Ин созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ бо нашри баёнияе рӯзи 23-юми август гуфт: "Мақомоти Тоҷикистон бояд ба ин беадолатӣ хотима дода, ба аҳдномаҳои байналмилалии худ барои таъмини муҳокимаҳои одилона пойбанд бошанд."
Гуфтугӯ