Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаримаи 300 нафар барои рафтори фарзандон дар Бадахшон


Даромадгоҳи Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Даромадгоҳи Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Дар 9 моҳ дар вилояти Бадахшон беш аз 300 падару модарро барои ба гуфтаи мақомот "қонуншикании ноболиғон" зиёда аз 30 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд. Ин масъала рӯзи 2-юми ноябр дар ҷаласаи ҳукумати вилоят баҳс шудааст.

"Шабгардии кӯдакон ва истифодаи телефони мобилӣ дар дарсҳо” аз ҷумлаи қонуншиканиҳо ҳисоб шудааст. Мавқеи волидон маълум нест.

Бар асоси қонун дар бораи масъулияти падару модар, ки соли 2011 қабул шуд, волидонро барои рафтори фарзандон ҷарима мекунанд.

Танҳо дар соли 2020, ба гуфтаи мақомот, “барои бетаваҷҷуҳӣ ба тарбияи фарзандон” 13 ҳазор парванда кушоданд.

Қаблан ҳомиёни ҳуқуқи инсон қонуни мазкурро мухолиф ба Конститутся ва дахолат ба озодиҳои бунёдии инсон хонданд.

Бар асоси ин қонун, волидонро метавонанд, аз ҷумла барои беназорат гузоштани фарзанд, ба масҷид рафтани ноболиғон ё ҳатто барои бо телефони мобил ё планшет ба дарс фиристодани фарзандон ҷазо ё танбеҳ диҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG