Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки 12 варзишгари тоҷик дар "Baku Grand Slam 2022"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Baku Grand Slam 2022”, ки рӯзҳои 4-6-уми ноябр дар пойтахти Озарбойҷон – Боку – баргузор мешавад, Тоҷикистонро 12 варзишгар дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар “Baku Grand Slam 2022” иштироки 366 варзишгар (205 мард ва 161 зан) аз 61 кишвари панҷ қораи дунё дар назар аст. Мусобиқа аз рӯи 14 дараҷаи вазнӣ (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) доир мегардад.

Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ Тоҷикистонро 12 варзишгар намояндагӣ мекунад: Муслимбек Каримов (-60 кг), Муҳаммад Маҳмадизода (-60 кг), Каюмарс Норов (-66 кг), Муллораҷаб Халифаев (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг), Эмомризо Анварзода (-100 кг), Раҳматулло Мирзоев (-100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг).

Барномаи мусобиқа:

4-уми ноябр (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.

5-уми ноябр (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.

6-уми ноябр (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Baku Grand Slam 2022” 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба ғолиб дар ҳар як вазн 5 ҳазор евро, барои ҷойи дуюм 3 ҳазор евро ва барои ҷойҳои сеюм 1500-евроӣ тақдим мегардад.

Ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонии ҷудо ва феҳристи олимпӣ мегарданд. Варзишгароне, ки медали тилло мегиранд, 1000 имтиёз, медали нуқра - 700 имтиёз ва медали биринҷӣ 500 имтиёз ба даст меоранд. Ҳамчунин онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260-имтиёзӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (“Baku Grand Slam 2021”) Тоҷикистонро шаш варзишгар намояндагӣ кард. Аз байни онҳо танҳо Темур Раҳимов медал гирифт. Ӯ баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Бразилия ва Олмон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале Темур барои медали тило аз рақиби ҷавони худ Татсуру Саитои ҷопонӣ мағлуб шуд ва медали нуқра гирифт.

Варзишгари дигари тоҷик Муҳаммадраҳим Сарахонов дар “Baku Grand Slam 2021” дар вазни то 73 кило ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд. Вале чаҳор намояндаи дигари Тоҷикистон – Ҳақназар Назаров (-81 кг), Хушвахт Идиев (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Амирҷони Насимҷон (-90 кг) – дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG