Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба раҳоии занони боздоштшуда дар Қирғизистон


Рӯзи 29-уми октябр додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон вакили пешин ва фаъоли шаҳрвандӣ Орозайим Норматоваро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Теъдоди занони ҳабсшуда дар доираи "Парвандаи Кампиробод" ба шаш тан расид.

Дар ҳамин ҳол, даҳҳо фаъол ва ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Қирғизистон раҳоии занонеро талаб доранд, ки дар доираи "Парвандаи Кампиробод" боздошт шудаанд.

Нисбати Норматова бо моддаи "Омодагӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ" парванда боз шудааст. Наздикони Норматова мегӯянд, вай касеро ба коре даъват накарда ва ба корҳои ташкилӣ низ машғул набудааст.

Бештар аз 80 ҳомии ҳуқуқ ва фаъоли ҷамъиятӣ бо нашри муроҷиатномае раҳоии занони боздоштшударо талаб кардаанд.

"Мо бовар дорем, ки ҳангоми ҷаласаи кумитаи ҳифзи Кампиробод ширкатдорон қатъиян дар бораи гирдиҳамоии осоишта суҳбат кардаанд. Мақомот бояд ҳуқуқи шаҳрвандон ба гирдиҳамоиҳои осоиштаро риоя кунанд", - омадааст дар муроҷиатнома.

Субҳи 23-юми октябр мақомоти қудратии Қирғизистон дар манзили чанде аз сиёсатмадорон ва фаъолон бозҷӯӣ анҷом доданд. Дар натиҷа ҳудуди 21 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

Вазорати корҳои дохилии он кишвар хабар дод, ки бозҷӯӣ ва боздошти ин афрод дар доираи парвандаи "Омодагӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ" сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG